Маълумоти охирин

РАМСЕС

ramses

РАМСЕС, номи фиръавнхои Мисри Кадим. Машхуртаринашон: Рамсес II (номи аврангиаш Усер-маат-Расотепен-Ра), фиръавни (охири асри 14— миёнаи асри 13 то мелод) сулолаи XIX. Дар ахди у Миср хеле пуркувват гардид, бо хетхо дуру дароз чангида, Фаластин ва Сурияи Чанубиро ба Миср хамрох кард. Кароргохашро аз Фива ба шимолу шарки Делта кучонид, ки дар он чо шахри «Пер-Рамсес» («Хонаи Рамсес», дертар Танис) бунёд ёфта буд. Бинокориро ривоч дода, дар Абидос, Фива маъбадхо, ибодатгохи магораи Абусимбал ва гайраро бунёд кард. Чангхои тулони ва харочоти зиёд барои касрхо мехнаткашонро кашшок кард. Вале ашрофу кохинон бой мешуданд.

Рамсес IV (III) (номи аврангиаш Усермаат-Рамери-Амон), фиръавни (oxири aсри 13— солхои 70 aсри 12 то мелод) сулолаи XX; баъзе олимон онро Рамсес III номидаанд. Рамсес IV хучуми «халкхои бахр»- ро ба Мисри Поён зада баргардонд. Дар ахди у таназзули мамлакат, ки аз миёнаи асри 13 cap шуда буд, давом кард. Ба кироягону кохинон такя менамуд. Дахмаи Мадинат- Абу (назди Фива)-ро сохт. Замони хукмронии Рамсес IV пур аз ошубхои халки буд. Дар натичаи суикасди дарбориёи кушта шуд. Ворисони Рамсес IV (III) (хамаи онхо худро Рамсес меномиданд; охиринаш—Рамсес XII (XI), хукмрониаш 1112—1070)-ро дар адабиёт одатан Рамсесихо меноманд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.