РАММОЛӢ (арабӣ аз Joper), навъе аз фол: ба рӯи peг ё хок нуқтаҳо монда, онҳоро бо хатҳо ба ҳам мепайвастанд ва пас таркиби ии хатҳоро маънидод мекарданд. Раммолӣ бештар дар Осиёи Миёна, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон расм шуда, шахси ба Раммолӣ машғулбударо раммол меномиданд. Тарзҳои гуногуни Раммолӣ вуҷуд доштанд: 1) раммолон ба рӯи peг, хок нақшу давраҳои гуногун мекашиданд ва аз рӯи таркиби онҳо фол медиданд. 2) Раммолӣ ба василаи муҳраи нард. Раммол каъбчаро ба ҷои муайян (ба рӯи латтапора ва ё замини хаткашидашуда) мепартофт ва аз рӯи холҳои он фол медид. 3) Раммолӣ бо ёрии сангча, донаи нахуд ва ё ҷуворимакка. Раммолӣ дар Замонҳои қадим ба вуҷуд омада, як навъ василаи авомфиребӣ во сарватғундорӣ буд. Раммолӣ меросӣ буда, аз авлод ба авлод мегузашт ва ба ин кор марду зан машғул шуда метавонистанд. Ба раммолон шахсони бахтҷӯ, фарзандхоҳ, давлатталаб, дардманд ва чизу молгумкарда муроҷиат мекарданд. Раммолӣ Дар мамлакати мо барҳам хӯрдааст.
О. Муродов.