Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАМАКРИШНА

РАМАКРИШНА

ramakrishna

РАМАКРИШНА (номи аслияш — Гададҳар Чатерчи) (18. 2. 1836, Ка- марпукур, Банголаи Ғарбӣ—16. 8. 1886, Калкатта), файласуф ва ислоҳотчии динӣ, намояндаи машҳури навҳиндуия. Бо тарғиби «дини умумиинсонӣ» баромада, ақида дошт, ки шаклҳои конкретӣ-таърихии эътиқодоти динӣ аз қабили ҳиндуия, ислом, масеҳият зуҳури кӯшиши умумӣ ба сӯи мабдаи ягона мебо­шад. Асосҳои фалсафии «дини умумиинсонӣ» бештар аз веданта ги­рифта шудааст. Ба ақидаи Рамакришна муҳаббати беандоза ва садоқат ба ху­до (бҳакти) на бо роҳи зӯҳд, балки ба туфайли иҷрои вазифаҳои заминӣ аз тарафи ҳар фард амалӣ мегардад. Рамакришна роҳи ягонаи халосӣ аз фалокати «асри оҳанӣ» (кали-юга)- ро дар «такомули маънавии» умумӣ медид. Таълимоти Рамакришна баъди баромади шогирди машҳураш Вивекананда дар Конгресси умумиҷаҳонии динӣ (Чикаго, 1893) берун аз Ҳиндустон васеъ паҳн шуд. Солт 1897 ба­рои тарғиби ақоиди Рамакришна шогирдонаш ҷамъияти миссионерию ислоҳотии «Миссили Рамакришна »- ро таъсис намуданд, ки ҳоло ҳам амал мекунад.

Ад.:       Рамакришна (Биографический очерк), М., 1915; Роллам Р„ Жизнь Рамакришны, Соч., т. 19, М., 1936.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …