Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗӢ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗӢ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ МАРКАЗӢ, давлатест дар Африкаи Марказӣ. Аз Ғарб ва Ҷануби Ғарб бо Камерун, аз Ҷануб бо Конго ва Заир, аз Шимоли Ғарб бо республикаи Чад, аз Шимоли Шарқ бо Судон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 623 ҳазор километр2. Аҳолиаш 2,5 миллион нафар (1982). Пойтахташ шаҳри Банги. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 15 префектура ҷудо мешавад.

ram

Сохти давлатӣ. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ — мутлақияти конститутсионӣ. Конститутсияи ҷориаш 4 декабри 1976 қабул шудааст. Аз соли 1981 тамоми ҳокимият дар дасти Комитети таҷаддуди ҳарбии миллӣ бо сардории генерал Колингба. Сардори давлат ва ҳукумат низ Колингба мебошад. Органи қонунбарор — Маҷ-лиси миллӣ, ки ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Системаи судӣ: Суди олӣ, судҳои апеллятсионӣ, ҷиноятӣ ва гражданӣ.

Табиат. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ дар ҳавзаи дарёҳои Убанги (ҳавзаи Конго) ва Шари, дар минтақаи саваннаҳо ва бешаи сираки минтақаи субэкваторӣ ҷой гирифтааст. Қисми зиёди мамлакатро баландии Азанде фаро гирифтааст, ки он ба ду ноҳияи кӯҳӣ: Фортит (дар Шарқ) ва Яде (дар Ғарб) тақсим шудааст. Дар Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ инчунии қаторкӯҳҳои баландиашон беш аз 1000 метр (Бонгос, Гау) ҳастанд. Дар шимоли мамлакат баландии Азанде тадриҷан ба ҳамвории тахт бадал меша-вад. Хокаш сурхи зардчатоб ва сурхи латеритӣ. Сарватҳои асосии зеризаминӣ: алмос, уран, тилло, никел, манган, кобалт, мис ва ғайра. Иқлимаш экватории муссонӣ, гарм. Ҳарорати моҳи гармтарин 31°Селсия, хунуктарин 21°Селсия. Боришоти солона 1000—1600 миллиметр. Дарёҳои калон: Убанги, Санга, Шари, Мамбере, Баминги ва ғайра. Дар мамлакат бештар саваннаҳои баландалаф, дар Шимоли Шарқ саваннаҳои муқаррарӣ, дар Ҷануб бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ мавҷуданд. Олами ҳайвонот: фил, каркадан, шоҳбарзагов, заррофа, антилопа, шер, паланг, шағол, кафтор, баҳмут, тимсоҳ, морҳои гуногун, калтакалос ва ғайра. Дар мамлакат боғҳои калони миллӣ ҳаст.

Ахолӣ. Аҳолӣ ба ду гурӯҳи забонии банту ва судонӣ мансуб аст. Халқиятҳои банда, гбайя, азанде, инчунин манҷа, сара ва дигар зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — франсавӣ, забони санго бештар паҳн шудааст. Беш аз 60% аҳолӣ пайрави дину оини маҳаллианд, 35% насронӣ (бештар католик), боқимонда мусулмонанд. Шаҳрҳои калон: Банги, Берберати, Босангоа, Бамбари ва ғайра.

Очерки таърихӣ. Таърихи қадими халқҳои Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ пурра омӯхта нашудааст. Дар асри 16 қисми шимоли ғарбии территорияи ҳозираи он ба ҳайати давлати Багирми дохил буд. Дар миёнаи асри 19 қисмҳои алоҳидаи территорияи он ба давлатҳои Дарфур ва Вадаи тобеъ шуд. Дар охири асри 19 қисми зиёди Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ ба ҳайати давлати Раббақ дохил буд. Охири асри 19 ба территорияи ҳозираи Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ европоиҳо сар дароварданд. Соли 1894 мустамликадорони Франсия тамоми байнаннаҳрайни Убанги ва Ша-риро забт ва ба ҳайати Конгон Франсия ҳамроҳ карданд. Аз соли 1904 мамлакат дар ҳайати мустамликаи Убанги-Шари-Чад, аз соли 1910 дар ҳайати федератсияи Африкаи Экватории Франсия буд; соли 1914 Чад аз Ӯбанги-Шари ҷудо шуд. Аҳолии маҳаллӣ ба мустамликадорон муқобилати сахт нишон медод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) дар Убанги-Шари ҳаракати миллию озодихоҳона авҷ гирифт. Соли 1946 дар Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ Партияи ҳаракати эволютсияи иҷтимоии Африкаи Сиёҳ таъсис ёфт. Соли 1957 Совети ҳукуматии Банги-Шари бо иштироки африкоиён ташкил ва 13 августи 1960 Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ мустақил эълон шуд. Дар худи ҳамон сол ҳукумати Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ бо Франсия шартномаи ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбӣ баст. Баъди табаддулоти ҳарбии соли 1966 ба сари ҳокимият Ж. Б. Бокассо омад. Маҷлиси миллӣ пароканда, конститутсия бекор карда шуд. 4 декабри 1976 конститутсияи нав қабул карда, Бокассо импоратор — Бокассои 1 эълон шуд. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ аз соли 1960 аъзои ТДМ, аъзои Ташкилоти ягонагии Африка. Соли 1960 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардиданд. Солҳои 1969—70 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ доир ба ҳам-кории иқтисодию техникӣ ва савдо шартнома баста шуд. Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ роҳи бо ҳамаи мамлакатҳо ҳамкорӣ намуданро пеш гирифт. 20 сентябри 1979 дар натиҷаи табаддулот ҳукумати Бокассо сарнагун гардид ва ба сари ҳокимият Д. Дако омад. Ӯ президенти Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ интихоб гардид. 1 сентябри 1981 Д. Дако ҳокимиятро ба А. Колингба супорид. Ҳукумати нав конститутсияро бекор, фаъолияти партияҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро манъ кард. Партияҳои оппозитсионни Ҳаракат баҳри озодии халқи Африкаи Марказӣ ва Фронти ватандӯстонаи Убанги ғайрилегалӣ амал мекарданд.

Партияҳои сиёсӣ. Ҳаракати эволютсияи иҷтимоии Африкаи Сиёҳ (ҲЭИАС), партияи ҳукмрон ва ягонаи мамлакат, таъсисаш соли 1946.

Хоҷагӣ. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ мамлакати аграрии қафомонда буда, асоси иқтисодиёти он зироат мебошад. Иқтисодиёти мамлакат ба капитали хориҷӣ вобастааст. Ҳукумат дар сиёсати дохилии иқтисодии худ роҳи ба таври васеъ ҷалб намудани капитали ҳусусӣ, асосан хориҷиро пеш гирифтааст. Барои бартараф кардани қафомонии иқтисодии мамлакат ҳуқумат тадбирҳои афзун намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро андешид. Xоҷагии қишлоқ асоси иқтисодиёти мамлакат мебошад. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ 5,9 миллион гектар майдони кишт дорад. Соли 1981 дар мамлакат 9,2 ҳазор тонна пахта ва 18,0 ҳазор тонна қаҳва ҷамъоварӣ шудааст. Зироатҳои асосӣ: маниок, арзан, шолӣ, чормағзи заминӣ. Соли 1980 дар мамлакат ин қадар чорво буд (ба ҳисоби ҳазор сар): гов — 1150, бузу гӯсфанд — 955, хук— 130. Парвариши тамоку, қаланфур, какао, гевея ба роҳ монда шудааст. Моҳӣ асосан аз дарёҳо шикор кар-да мешавад.

Саноати Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ аз заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, собунпазӣ, аз фабрикаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ иборат аст. Корхонаҳои калон: комбинати бофандагӣ (дар Банги), заводи пивова ғайра.  Дар шаҳри Банги заводи васли приём-никҳои транзисторӣ ҳаст. Энергетикаи  Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ аз Гидро-Электро СтансияГЭС-ҳои Боали-1 ва Боали-2 иборат аст. Дар шаҳрҳои Банги, Мбаики, Босангоа, Бамбари ва ғайра. ТЭС-ҳо ҳастанд. Соли 1982 60,7 миллион килоВатт-қувваи электр истеҳсол карда шуд.

Роҳи оҳан надорад. Дарозии роҳҳои автомобилгард 22,6 ҳазор километр. Дар шаҳри Банги бандари дарёӣ ва аэропорти байналхалқӣ ҳаст. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ ба хориҷа пахта, қаҳва,чӯб, алмос бароварда, аз хориҷа хӯрокворӣ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти нефт, семент ва ғайра мегирад. Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ асосан бо Франсия савдо мекунад. Воҳиди пул — франки африкоӣ.

Нигаҳдории тандурустӣ Соли 1970 таваллуд ба 1 ҳазор нафар 46, фавти кӯдакон ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 190 нафар буд. Сабаби асосии фавт — бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ (вараҷа, сил, махав ва ғайра). Соли 1972 дар Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ 52 беморхонаи дорои 3,2 ҳазор кат (2 кат ба 1 ҳазор сокин) буд, ки аз он 47 беморхонаи дорои 3,4 ҳазор кат давлатӣ мебошад. Ғайр аз ин дар Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ 10 поликлиника, 31 маркази тиббӣ, 4 маркази нигаҳдории тандурустӣ, 82 диспансер ва ғайра ҳаст. Соли 1973 дар Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ 59 духтур (1 духтур ба 43,4 ҳазор сокин), 1 духтури дандон, 11 фармасевт ва 1,3 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ кор мекард. Духтурҳо маълумотро дар хориҷа мегиранд.

Маориф. Соли 1970 қариб 85% аҳолӣ бесавод буд. Таълими ибтидоии 6-сола барои кӯдакони аз 6 то 14-сола ҳатмист. Соли таҳсили 1972/73 дар мактабҳои ибтидоӣ 194 ҳазор, дар мактабҳои миёна 16,6 ҳазор талаба мехонд. Соли 1969 дар мамлакат нахустин университет дар Банги таъсис ёфт, ки дар он соли хониши 1976/77 624 студент таҳсил кард.

Матбуот, радио ва телевизион. Дар Банги газетаҳои зерин ба забони франсавӣ чоп мешаванд: «Та Тене» («Та Тепе»), таъсисаш соли 1974, «Тер африкен» («Тегге А1псаше»), таъсисаш 1974, «Нувель дю жур» («ЬеэИоиуеПез Ди ]оиг») таъсисаш 1976, бо забоии санго: «Линга» («Ъ1п£а»), таъсисаш 1976 ва ғайра. Агентии матбуоти Африкаи Марказӣ соли 1974, радиошунавонии миллии Африкаи Марказӣ соли 1958 таъсис ёфтаанд. Телевизион аз соли 1974 кор мекунад.

Меъморӣ ва санъати тасвирӢ, Манзилҳои деҳот дар соҳили дарёҳо як ё ду қатора сохта мешаванд. Хонаҳои истиқоматӣ асосан аз лой сохта шуда қаламакорӣ, мудаввар, чоркунҷа мебошанд. Шаҳрҳои Банги, Берберати, Бангасу ва ғайра аз рӯи меъмории замони ҳозира сохта шудаанд. Кандакории чӯб низ ривоҷ ёфтааст. Табақу тақсимичаҳо, зарфҳои гуногун, асбобҳои мусиқӣ бо нақшу нигори серобуранг оро дода мешаванд. Кулолӣ, сабатбофӣ, аз устухопи фил ва оҳан соҳтани ороишот (ангуштарин, дастпона, зеби гардан) ривоҷ ёфтааст.

Мусиқӣ. Мусиқии анъанавии Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ гуногун мобошад. Эҷодиёти мусиқии халқҳои Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ асосан аа ду қисм иборат аст: сурудҳои коллективии маросимӣ ва рақс. Сурудҳо воқеаҳои муҳими ҷамоаро инъикос менамоянд. Сурудҳое низ мавҷуданд, ки мутрибон месароянд. Сурудҳои умумӣ бо ҳамовозии нақора иҷро мешаванд. Дар давраи мустамлика будани Республикаи Африкаи Марказӣ РАМ мусиқии анъанавӣ қариб пурра барҳам хӯрда буд. Фақат баъди ба даст даровардани истиқлолият (1960) санъати мусиқии миллӣ аз нав барқарор карда шуд. Соли 1966 дар шаҳри Банги мактаби санъати миллӣ таъсис ёфт, ки дар он шӯъбаҳои мусиқӣ, рақс ва ғайра ҳастанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …