РАКЕТАИ МЕТЕОРОЛОГӢ, ракетаи геофизикӣ, ракетаест, ки барои тадқиқи қабатҳои болои атмосфера таъин шудааст. Бо ёрии асбобҳои метеорологие, ки дар Ракетаи метеорогӣ ҷой дода мешаванд, ҳарорату фишори атмосфера, зичӣ ва таркиби ҳаво, нурҳои кайҳонӣ, конфигуратсияи майдони магнитии Замин на дигар параметрҳоро тадқиқ мекунанд. Баробари ин спектри нурҳои Офтоб ва қитъаҳои сатҳи Замин ба сурат кашида мешаванд. Ракетаи метеорологӣ фақат бо баландиҳои 100—150 км баромада метавонад ва массааш ҳам он қадар бузургиест (300—400 кг). Ракетаи метеорологии массааш то 80 кг ва баландии парвозаш то 65—70 км бештар истифода мешавад. Ракетаи метеорологӣ аз 2 қисм: таҷҳизоти муҳаррик ва ҳуҷраи ҷудошавандаи асбобу аппаратураи метеорологӣ иборат мебошад. Дар баландии муайян ҳуҷраи асбобҳо аз Ракетаи метеорологӣ чудо шуда, бо парашют поён мешавад. Радиосигналҳои Ракетаи метеорологиро стансияҳои телеметрии рӯизаминӣ қабул менамоянд. Траекторияи ҳаракати Ракетаи метеорологӣ бо ёрии кинотеодолитҳо, камераҳои баллистикӣ, радиолокаторҳо ва ғайра чен карда мешавад. Ракетаи метеорологӣ ҳангоми бо роҳи сунъӣ дигар кардани ҷараёни просессҳои атмосферӣ низ аҳамияти калон дорад. Ниг. низ Ракета.
Tags ракета
Инчунин кобед
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …