«РАҲОВӢ» (номи маҳал дар Рум), 1) номи яке аз мақомҳои «Дувоздаҳмақом». Маъхазҳои мусиқӣ маънои Раҳовиро бо калимаҳои «раҳ», «роҳ» ифода мекунанд. Дар мусиқии халқӣ Раҳовиро гоҳо «Сувора» ё «Суворӣ» ном мегиранд. Аз ин рӯ, шакли то имрӯз расидаи Раҳовӣ мумкин аст «Сувора» («Суворӣ») бошад. Қаторовоз- ҳои Раҳовӣ 70 доираро ташкил додаанд (дар рисолаи Ҳусайнӣ 65 доира). 2) Шӯъба дар мақомҳои «Шӯр» ва «Сегоҳ»-и «Ҳафтдастгоҳ»-и Эрон. А. Раҷабов.