Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМАТУЛЛОЕВ Хоҷиқул

РАҲМАТУЛЛОЕВ Хоҷиқул

РАҲМАТУЛЛОЕВ Хоҷиқул (тав.аллуд 15. 5. 1909, Бухоро), актёр ва режиссёри советии тоҷик. Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон . (1957). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1958. Фаъолияти артистиаш аз синни дувоздаҳсолагӣ сар шудааст. Ӯ соли 1921 дар курси тайёрии Дорулму-аллимини шащри Бухоро ҳонда, дар айни замон дар театри ҳаваско-рии ба номи Форобии назди Вазорати маорифи халқи Республикаи Халқии Советии Бухоро кор мекард. Роли нахустинаш Осиё (роли духтар) дар «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков буд. Сонӣ дар дастаи нави ҳаваскорӣ (роҳбараш Ҳоҷизода) суфлёр ва соли 1922 артисти Театри давлатии Бухоро (роҳбараш М. Уйғур) шуда кор кард. Баъди хатми курси дуюми дорулмуаллимии соли 1924 ба Москва рафта, ба студияи ӯзбекии Институти санъати театрӣ дохил мешавад. Соли 1927 студияро хатм намуда, ба Театри драмаи ба номи Ҳ. Ҳамза ба кор меояд. Аз соли 1936 то соли 1971 актёр ва режиссёри Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Дар ин театр як силсила образҳои барҷаста офаридааст: Мирбадал, Хоркаш, Балъамӣ («Шодмон» 1939, «Калтакдорони сурх», 1941 ва «Рӯдакӣ», 1958— асарҳои Сотим Улуғзода), Арган («Бемори хаёлӣ»-и Ж. Молер, 1944), Кассио, Лоренсо, Глостер («Отелло», 1939, «Ромео ва Ҷульетта», 1947, «Шоҳ Лир», 1957— асарҳои Улям Шекспир), Ҳокими шаҳр («Муфаттиш»-и  Николай Василевич Гогол, 1946, 1952), Усмонафандӣ («Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, 1954) Маҷидуддин («Алишер Навоӣ»-и Р. Уйгун ва И. Султон, 1949), Пантелеев («Ғолибон»-и Б. Чирсков, 1947), Забелйн («Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин, 1960) ва дигар. Солҳои 1964—65 дар ташкили Театри миллии Афғонистон ба сифати режиссёр ва мушовир кор кардааст. Аксари қаҳрамонҳояш бо мақсадҳои олӣ ва рафтори наҷибашон ба тамошобин таассуроти ка-лон мебахшанд. Маданияти баланди образофарӣ, инъикоси хислатҳои психологии қаҳрамон, бозии самимона ва табиӣ хоси санъати актё-рии Раҳматуллоев мебошад. Аз соли 1938 ба режиссура машғул аст. Раҳматуллоев дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аксарияти песаҳои Ҷалол Икромӣ («Дили модар», 1942; «Шаби 28-ум», 1946; «Духтари ноком», 1950, «Ситора», 1954; «Дохунда», 1957; «Хор дар гулистон», 1964; «Дилҳои сӯзон», 1967), драмаҳои Ф. Ансорӣ («Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», 1958; «Ҳукми модар», 1963), А. Сидқӣ («Иродаи зан», 1962), Ғ. Абдулло («Сарбозояи инқилоб», 1970) ва дигар дроматургонро ба саҳна гузоштааст. Ҳамчун драматург песаи «Хатои Қодиров» (ҳаммуаллиф бо 3. Дӯстматов, 1949) -ро навиштааст.

Соли 1976 операи Ш. Сайфиддивов «Рӯдакӣ»-ро дар саҳнаи Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳия намуд. Дар кино якчанд рол бозидааст: Балъамӣ («Қисмати шоир», 1959), Руҳом («Байрақи оҳангар», 4961), Кайковус («Достони Рустам», 1972) ва ғайра. Аз соли 1962 бо фаъолияти педагогӣ машғул буда, дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон аз фанни маҳорати актёри дарс медиҳад. Як қатор ҳунарпешагони боистеъдодро тарбия намуда-аст. Шогирдонаш: А. Муҳаммадҷонов, лауреати Мукофоти комсомоли ленинии республика Г. Сафаралиева, У. Раҷабов, Н. Муҳаммадҷонова ва дигар. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», 5 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …