Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Саттор Имомқулович

РАҲИМОВ Саттор Имомқулович

РАҲИМОВ Саттор Имомқулович (14. 8. 1922, Бухоро —15. 8. 1972, Душанбе), ҷарроҳи советӣ, доктори илмҳои тиб (1971), профессор (1971). Баъди хатми Мактаби фелдшерии Бухоро (1939) то соли 1940 фелдшер шуда кор кардааст; солҳои 1940—46 дар сафҳои Армияи Советӣ буд; солҳои 1946—51 студент, 1951—53 ординатори клиникаи ҷарроҳӣ, 1954—56 ассистенти кафедраи анатомияи топографӣ ва ҷарроҳияи амалӣ. Солҳои 1956—72 ассистент, досент ва мудири кафедраи ҷарроҳияи умумии факултети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон.

Раҳимов асосан хусусияти сакта ва зиёд талаф шудани хун дар шароити баландкӯҳ, алоқаи функсионалии узвҳо ва ҳолати патологӣ, хусусан ҳолати функсионалин ҷигар ва ғайраро тадқиқ кардааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.

Ассо: Нарушения функции печени при хирургических эаболеваниях (хамрохи К. Т. Тоҷиев), Душанбе, 1966; Функция и морфология печени у больных с острыми халециститами до и после операции, Душанбе, 1967. А. Маҳмадалиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …