РАҲИМБОЕВ Абдулло (14. 6. 1896, шаҳри Хуҷанд—7. 5. 1938), ҳодими партиявӣ ва давлатии советӣ, яке аз муборизони фаъоли барқарор ва мӯстаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна. Аз оилаи тоҷири хурд. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1919. Аввал дар мактаби мусулмонӣ, баъд солҳои 1908—17 дар мак- таби русии маҳаллии Хуҷанд, Омӯзишгоҳи олии ибтидоии Самарқанд ва Семинарияи муаллимии Тошкент таҳсил намуд. Баъд аз хатми семинария (1917) дар зодгоҳаш муаллим шуда, дар ҳаракати рево- лютсионӣ фаъолона иштирок кард. Раҳимбоев яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони Совети коргарони мусулмони Хуҷанд буд. Солҳои 1919—20 котиби Комитети партиявии уезди Хуҷанд, раиси Комитети партиявии вилояти Самарқанд. Солҳои 1920—23 раиси Кумитети Иҷроияи Маркази Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон, котиби Котиби Марказии Партияи Коммунистии Туркистон, аъзои коллегияи Комиссариати халқии оид ба корҳои миллатҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, 1923—24 котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро, котиби дуюми Комитетии Марказии Партияи Коммунистии Туркистон. Солҳои 1925—27 дар курсҳои марксизми назди Ака- демияи коммунистӣ таҳсил иамуд. Солҳои 1928—33 раиси правленияи Нашриёти марказии халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР, аъзои коллегия ва раиси Комитети ақаллиятҳои миллии Комиссариати халқии маорифи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Солҳои 1933 —37 раиси Совети Комиссарони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар айни замон яке аз раисони Комитети Иҷроияи Марказии Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР буд. Вакили съсздҳои 10—14 ва 17-уми Всероссийская Коммунистическая Партия(большевиков), бисёр конференсияҳои партиявии умумииттифоқӣ буд. Дар съездҳои 11 ва 13-уми партия номзад ба аъзоии Комитети Марказии Революционная Коммунистическая Партия (большевиков), дар Съезди 12-уми партия аъзои Комиссияи марказии назорати Революционная Коммунистическая Партия (большевиков) интихоб шуд. Солҳои 1921—37 аъзои Бюрои туркистонии Комитети Марказии Революционная Коммунистическая Партия (большевиков), аъзои Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Всероссийская Коммунистическая Партия(большевиков), аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии(болшевикон) Тоҷикистон. Аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Союз Советских Социалистических Республик СССР (даъватҳои 5—7). Бо ордени Лении ва ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.
Адабиёт: К е л д и е в И., Абдулло Раҳимбоев (Очерки ҳаёт ва фаъолият), Душанбе, 1967. И. Келдиев.