РАДИОЛОКАТОРИ САЙЁРАВӢ,. як навъ радиолоқаторест барои тадқиқи астрономии Моҳ, сайёраҳои азиму астероидҳои ҳаҷман калон.
Радиолокатири сайëравӣ аз олати арсолу қабул, радиосигналафкан. сигналқабулкунак, асбобу олати қайдгир ва аппаратураҳои ёрирасон иборат аст. Сигналҳои мунъакис (иқтидор, фосилаи таъхирёбӣ, басомади миёнаи спектр, шакли спектр, шакли хатҳои иҳотагир, поляризатсия) дар бораи сатҳи объекти кайдонӣ маълумот медиҳад. Астрономияи радиолокатмионӣ ин маълумотро таҳлил мекунад ва шарҳ медиҳад.