Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИФОНИ САЙЁРАҲО

РАДИФОНИ САЙЁРАҲО

radifhoi-sayyoraho

РАДИФОНИ САЙЁРАҲО, ҷисмҳои Системаи офтобианд, ки таҳти таъсири қувваи ҷозибаи сайёраҳо дар атрофи онҳо давр мезананд. Соли 1610 Г. Галилей бори нахуст 4 радифи Муштарӣ (Ио, Европа, Ганимед, Каллисто)-ро кашф намуд. Зимин такмил ёфтан ва баланд шудани иқтидори телескопҳо дар ҳамаи сайёраҳо (ғайр аз Аторуду Зӯҳра) радифҳоро дарёфтанд ва ҳоло (1982) миқдори радифҳои кашфшуда ба 43 расидааст. Ҳар кадоми Радифони сайëраҳо вобаста ба замони кашфашон ном ва рақами тартибӣ доранд . Исбот шудааст, ки ба радифҳо, ғайр аз қувваи ҷозибаи сайёра, аз тарафи Офтобу радифони массаашон нисбатан зиёд қувваҳои ғалаёновар низ таъсир мекунанд ва аз ин сабаб мадори радифҳо аз эллипс каме фарқ доранд. Радифони сайëраҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи аввадифи галилейии Муштарӣ, як радифи Зуҳал (Титан), як радифи Нептун (Тритон) ва Моҳ дохил ме­шаванд. Қутри радифони ин гурӯҳ 3—5 ҳазор км буда, аз рӯи хусусиятҳои физикиашон ба сайёраҳои гурӯҳи заминӣ (Аторуд, Миррих, Плу­тон) монанданд. Ба гурӯҳи дуюм радифи боқимондаи Зуҳал, Нептун, Уран, Плутон (ҳамаги 16- то) ва ба гурӯҳи сеюм радифони хурди Миррих ва  Муштарӣ дохил мешавад. Ад.: Бакулин П. И., Кононович Э. В., Мороз В. И., Курс общей аст­рономии, 2 изд., М., 1970

Х. Ф. Абдуллозода

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …