РАДДИЯИ МАНТИҚ Ӣ , асоснок ё мӯҳтавии исбот, дурӯғ будани ҳукм (ҷумла), хулосабарори (муҳокима), инчунин маҷмӯи фарзияҳо ва хулосабарориҳоеро гӯянд, ки назарияи илмӣ ё як қисми онро ташкил мекунанд. Нисбат ба як ё чанд формула (ҳамчун далел ва хулосаҳои шаклӣ) ва системаи формулаҳо (ки хосияти аксиомаҳои мантиқӣ доранд) истифода мешавад. Раддияи формулаҳои мантиқӣ исботи (шаклии) инкори он аст. Раддаи мантиқӣ далелест, ки барои хулосабарорӣ кофӣ набудани пайдарҳамии формулаҳоро coбит мекунад. Яке аз воситаҳои интишорёфтаи Раддаи мантиқӣ ба тазод равонидани қазияи (тезиси) радшаванда (ҳукм, хулосабарорӣ, назария) мебошад. Раддаи мантиқӣ дорои тезис ва асос аст. Он ба муқобили қазия, асос ва ё тарзи робитаи онҳо нигаронида мешавад. Аз ин рӯ, Раддаи мантиқӣ 3 навъ аст: 1) Раддияи қ а з и я: а) донистапи дурӯғии натиҷае, ки аз қазия cap мезанад. Дар ин ҷо қазияи радшаванда ро шартан рост дониста, аз он натиҷа мебароранд. Агар натиҷа ба ҳақиқат мувофиқат накунад, пас қазия дурӯғ аст; б) исботи а ксулқазия. Ҳангоми раддияи қазия ба воситаи аксулқазия бояд қазияи нави мустақил исбот шавад, ки он бо қазияи радшаванда зид бошад. Масалан, барои радди тезиси «Ҳамаи қувон сафед мебошанд» ростии муҳокимаи ба он зид «Баъзе қувон сафед нестанд»-ро исбот намудап лозим аст. 2) Раддияи далелҳо, ки дар он дурӯғ будани далелҳои исбот нтшон дода мешавад. Масалан, қазияи «Муштарӣ радиф дорад» чунин исбот шудааст: «Ҳамаи сайёраҳо радиф дорапд ва муштарӣ сайёра аст, пас он низ радифи худро дорад». Маълум аст, ки далели «ҳамаи сайёраҳо радифи худро доранд» дурӯғ мебошад. 3) Раддияи робитаи далелҳо бо қазия, яъне риоя нашудани яке аз қоидаҳои хулосабарорӣ (истилоҳи миёна) дар асоснок кардани исбот мебошад. Раддаи мантиқиро дар тамоми соҳаҳои илм ва фаъолияти амалии инсоп мушоҳида кардан мумкин аст. Мафҳуми раддияи мантиқӣ дар методологияи илмҳо, хусусан дар илмҳои таҷрибавӣ мавқеи калон дорад. Ад.: Болтаев М Н., Мантии, Д., 1965: Кириллов В. И. (ва диг.1, Логика, М„ 1967. Я. Сайфуллоев.
Tags Мантиқ
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …