Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАДАИ ПЕРЕЯСЛАВ

РАДАИ ПЕРЕЯСЛАВ

РАДАИ ПЕРЕЯСЛАВ (1654), маҷлиси намояндагони халқи украин, ки дар бораи бо Россия муттаҳид кардани Украина қарор қабул намуд. Радар Переяславро 8 (18) январ гетман Б. Хмелнитмкий дар шаҳри Переяслав даъват карда буд. Радар Переяслав ҳаракати муттаҳидшавиро ба Россия қувват дод ва Украина ба Россия ҳамроҳ шуд. Ба қабули қарор дар бораи муттаҳидшавии Украина бо Россия наздикии забон ва маданияти халқҳои украин ва рус, умумияти динӣ, мавҷудияти робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании байни онҳо мусоидат кард. Ба Россия ҳамроҳшавии Украина барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодб, сиёсӣ ва мадании халқи украин аҳамияти прогресси­вӣ дошта, иттифоқ ва дӯстии ду халқи бародарро, ки ба муқобили истилогарони аҷнаби баҳри озодии иҷтимоӣ ва миллӣ ҳамроҳ мубориза мебурданд, мустаҳкам намуд.  

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …