РАДАИ МАРКАЗӢ , ташкилоти муттаҳидаи контрреволютсионии партия ва ташкилотҳои буржуазӣ ва майдабуржуазии миллатчӣ дар Украина (солҳои 1917—1918). 4 (17) марти 1917 дар Киев дар маҷлиси совети Партияи сотсиалистон-федералистони Украина бо иштироки Партияи с-д.-и коргарии Украина, Партияи сотсиалистон-револютсионерони-Украина ва дигар ҷамъиятҳо ташкил шуда буд. Январи 1918 халқи шӯришбардошта ва Армияи Сурх Радаи марказиро торумор карданд. Феврали 1918 5 имперналистони Германия бо Радаи марказӣ бар зидди Россияи Советӣ шартнома бастанд. Марти 1918 Радаи марказӣ ҳамроҳи истилогарони Австрияю Германия боз ба Киев баргашт. Радаи марказӣ то охири апрели 1918 вуҷуд дошт.