Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ КУБА

РЕВОЛЮТСИЯИ КУБА

РЕВОЛЮТСИЯИ  КУБА, револютсияи халқӣ, зиддиимпериалистӣ, аграрӣ, ки 1 январи 1959 ғалаба карда, баъд ба револютсияи сотсиалистӣ табдил ёфт.

r-kuba

Револютсияи Куба занҷири зулми империалистиро дар Америкаи Лотинӣ канда, боиси барпошавии аввалин давлати сотсиалистӣ дар нимкураи ғарбӣ ва оғози гардиши нави таърихию ҳа-ракати револютсионӣ дар ин қисми ҷаҳон гардид. Револютсияи Куба  дар шароити мусоиди байналхалқӣ — суст шудани системаи ҷаҳонии капитализм, афзоиши қувва ва иқтидори лагери сотсиалистӣ, ҳамраъӣ ва ёрии мамлакатҳои сотсиалистӣ ба Куба — ғалаба кард. Аз ҳукмронии латифундияҳо, зуроварии каиитали Штатшои Муттаҳидаи Америка (ки тараққиёти иқтисодии миллиро бозмедошт), бекории доимӣ, қашшоқию беҳуқуқӣ, таъқиботи нажодӣ ва ғайра оммаи меҳнаткаши Куба ба дод омада буд. Ихтилофоти ҷамъияти Куба хусусан соли 1952, баъди ба сари ҳокимият омадани диктатураи Ба-тиста-и-Салдивар, тезу тунд гардид. Дар натиҷа қариб ҳамаи синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии мамлакат—коргарони саноат ва хоҷагии қишлоқ, деҳқонони камбағалу миёнаҳол, зиёиён, табақаҳои радикалии буржуазияи майдаи шаҳр ба диктатура муқобил ба-ромаданд. Дар чунин шароит 26 июли 1953 як гурӯҳ ҷавонон бо сардо-рии Фидел Кастро Рус бо мақсади ба даст овардани яроқ ва мусаллаҳ намудани халқ барои муборизаи зидди диктатура ба сарбозхонаи ҳарбии Монқада (шаҳри Сантяго-де Куба) ҳуҷум карданд. Ҳуҷум барор нагирифт, Кастро ва ҳамсафонаш ҳабс карда шуданд. Ин ба вазъияти сиёсии мамлакат таъсири калон расонд ва ба муборизаи мусаллаҳи зидди истибдод замина гузошт. Коммунистон дар вазъияти пинҳонкорӣ ва таъқиботи бераҳмона ба корпартоиҳо роҳбарӣ мекарданд. Онҳо корҳои зиёди револютсионию тарғиботӣ бурда, қувваҳои зидди диктатураро ба амалиёти якҷоя даъват менамуданд. Гурӯҳи револютсионие, ки Фидел Кастро баъди баромадан аз ҳабс дар Мексика тайёр карда буд, декабри 1956 ба Куба омада, бо сардории ӯ-дар кӯҳҳои Серра — Маэстро дастаи партизанӣ ташкил кард. Ин даста, ки асосан аа коргарони хоҷагии қишлоқ, деҳқонон ташкил ёфта буд, тадриҷан ба армияи шӯришгарон табдил ёфт ва ба армияи ҳукуматӣ чанд зарба зад. Дар шикастани муқобилати армияи Батиста хусусан фронти револютсионер-демократҳо — «Ҳаракати 26-июл» роли калон бозид. Дар нимаи дуюми соли 1958 армияи Батиста рӯҳан заиф гардида, амалан муқобилат нишон намедодагӣ шуд. 1 январи 1959 ҳукумати Батиста сарнагун гашт ва ҳокимият ба дасти Ҳукумати муваққатӣ гузашт, ки ба он ходимони партияи буржузаии рост ҳам роҳ ёфтанд, ки онҳо ба ривоҷи минбаъдаи просесси револютсионӣ муқобил буданд. Ҳокимият дар маҳалҳо амалан дар дасти армияи шӯришгарон ва пешвоёни револютсионии он бо сардории Фидел Кастро буд. Дар оянда ҳукумат аз хоинони револютсия тоза карда шуд. Феврали 1959 сардори Ҳукумати револютсиони Фидел Кастро ва моҳи июл О. Дортикос Торрадо президент шуд. Ҳукумати револютсионӣ бо дастгирии оммаи халқ ва ёрии Иттифоқи Советию дигар давлатҳои сотсиалистӣ ба амалиёти контрреволютсионерони дохили, инчунин фишори сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Штатҳои Муттаҳидаи Америка муқобилат нишон дод. 16 апрел, баъд 1 маи 1961 Фидел Кастро дар нутқаш ошкоро изҳор намуд, ки Револютсияи Куба характери сотсиалистӣ дорад. Дар натиҷаи муттаҳидшавии таш-килотҳои револютсионии бар назарияи марксистӣ-ленинӣ асосёфта партияи ягонаи револютсионии халқи Куба ба вуҷуд омад (нигаред, Партияи Коммунистии Куба (ПКК). Халқи Куба таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Куба ПКК ва Ҳукумати револютсионӣ ба муҳосираи иқтисодӣ ва фишори империализми Штатҳои Муттаҳидаи Америка ШМА тоб оварда, барои иҷрои вазифаҳои сохтмони осоишта фидокорона меҳнат мекунад. Омили муҳимтарине, ки ба сохтмони сотсиализм дар Куба ва мустаҳкамшавии мавқеъи байналхалқии он мусоидат мекунад, ёрӣ ва дастгирии ҳаматарафаи Иттифоқи Советӣ ва дигар давлатҳои сотсиалистӣ мебошад.

Адабиёт: К а с т р о Фидел, Пусть вечно живет Бессмертный Ленин] Перевод с испанского, Москва, 1970; ҳ а м о н муаллиф, Сила революции в единстве, перевод с испанского, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …