Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯҲОИ БАРГАРДАНДА ВА БАРНАГАРДАНДА

РЕАКСИЯҲОИ БАРГАРДАНДА ВА БАРНАГАРДАНДА

РЕАКСИЯҲОИ  БАРГАРДАНДА  ВА  БАРНАГАРДАНДА, як навъи реаксияҳои химиявист. Реаксияҳое, ки самти ҷараёнашон ба консентрасияи моддаҳо вобаста аст, реаксияҳои баргарданда номида мешаванд. Масалан, ҳангоми реаксияи катализию гетерогении байни нитроген ва гидроген (ЗН2 + N-2 *=* 214Н3) дар мавриди дар омехтаи газӣ кам будани консентрасияи NN3 ва зиёдии консентрасияҳои гидрогену нитроген реаксия ба тарафи рост (ҳосилшавии аммиак) майл мекунад. Дар сурати зиёд будани консентрасияи 14Н3 реаксия ба тарафи чап майл менамояд. Аломати баробарӣ ( = ) дар чунин реаксияҳо ба аломати баргардандагӣ (***) иваз мешавад. Тирчаи боло самти рост ва тирчаи поён равиши чапи реаксияро нишон медиҳад.

Дар интиҳои реаксияи баргарданда, яъне ҳангоми ба ҳолати мувозинати химиявӣ расидани система, дар он миқдори моддаҳои аввала ва ҳосила баробар мешавад.

Реаксияе, ки он фақат ба як самт ҷараён мегираду моддаҳои аввала пурра ба маҳсулоти реаксия табдил меёбанд, реаксияи барнагарданда номида мешавад. Масалан , реаксияи таҷзияи намаки бертоле намунаи реаксияи барнагарданда мебошад: 2КС10з-*-2КС1 + Э03 Вобаста ба шароит, ҳарорат, фишор, реаксияи муайяни химиявӣ ҳам баргарданда ва ҳам барнагарданда шуда метавонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …