РЕВОЛЮТСИЯИ СОЛҲОИ 1925-27 ДАР ХИТОЙ, револютсияи нотамоми буржуазию демократӣ, ки ба барҳам додани зулми империалистӣ ва ҳукмронии тартиботи нимфеодалӣ нигаронида шуда буд. Дар натиҷаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) пуршиддат гаштани зиддиятҳои байни империализм ва халқи Хитой, бо таъсири бевоситаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр сар зад. Дар ҷануби Хитой, ки дар он ҷо аз феврали 1923 Ҳукумати Сун Ятсен амал мекард, қувваҳом миллии револютсионӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд: дар заминаи ҳамкории Партияи Коммунистии Хитой ва Гоминдан фронти ягонаи миллии зиддиимпериалистӣ ва зиддимилитаристӣ таъсис ёфт, бо ёрии Союз Советских Социалистических Республик СССР ба ташкили армияҳои револютсионӣ асос гузошта шуд. Ҳаракати коргарону деҳқонон авҷ ги-рифт. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи револютсия инҳо буданд: синфи коргар, деҳқонон, буржуазияи майдаи шаҳр ва буржуазияи миллӣ, ки вай дар ҷараёни револютсия оммаи халқро зери таъсири худ гирифтан мехост. Таърихи револютсия ба се марҳала тақсим мешавад.
Марҳалаи ҳаракати «30 май» ва тайёрӣ ба юриши Шимол (30 маи 1925—9 июли 1926). 30 маи 1925, баъди дар Шанхай намоиши зиддиимпериалистиро тирборон кардави полисияи англисҳо, дар марказҳои асосии мамлакат ҳаракати оммавӣ авҷ гирифт. Дар ин марҳала корпартоии умумӣ дар Шанхай (июн-сентябри 1925) ва корпартоии 16—моҳаи 1925— 26 дар Сянган Гуанчжоу ба амал омада, ба инкишофи муборизаи зиддиимпериалистии оммаи халқ кӯмак расонд ва барои тайёрӣ ба юришӣ Армияи миллии револютсионӣ зидди милитарастони шимолӣ шароит фароҳам овард. 1 июли 1925 ҳукумати Гуанчжоу ба Ҳукумати миллии Республикаи Хитой табдил дода шуда, баҳори 1926 ҳокимияти он ба музофотҳои Гуандун, Гуанси, Гуйчжоу паҳн шуд.
Марҳалаи юриши Шимол (9 июли 1906—12_ апрели 1927). Қувваҳои револютсиони дар ин марҳала ба комёбиҳои калон ноил гаштанд. Хитои Ҷанубӣ ва Марказӣ аз ҳокимияти милитаристон озод карда шудавд. Декабри 1928 Ҳукумати миллӣ ва Гуанчжоу ба Ухан кӯчид. Марти 1927 Шанхай озод карда шуд. Вале 12 апрели 1927 сарфармондеҳи Армияи револютсионии халқӣ Чан-Кайши аз тарси ғалабаи пурраи револютсия ва зери фишори империалистони Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Франсия ва Япония дар Шанхай табаддулоти зиддиреволютсионӣ ба амал овард.
Марҳалаи идомаи револютсия дар Хитои Марказӣ (12 апрели—15 июли 1927). Дар музофотҳое, ки дар онҳо ҳукумати миллии револютсионии Ухан вуҷуд доштанд, меҳнаткашон барои гузаронидани дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ баромад мекарданд. Армияи халқии револютсионӣ бар зидди милитаристони Шимол амал менамуд. Аммо буржуазияи миллӣ, генералҳои буржуазию помешикии Армияи халқии револютсионии Ухан аз тарси авҷи ҳаракати оммавии коргару деҳқон ва зери фишори империализм ва реаксияи Чан-Кайши ба револютсия хиёнат карданд. 15 июля 1927 дар Ухан табаддулоти зиддиреволютсионӣ ба амал омад. Револютсия шикаст хӯрд, вале Хитой ба вазъияти тоинқилобӣ барнагашт.Гурӯҳҳои кӯҳнаи милитаристӣ маҳв карда шуданд. Дар блоки хукмрони буржуазию помешикӣ мавқеи буржуазияи калоне, ки мехост мамлакатро зери ҳокимияти худ муттақид кунад ва итти-фоқ бо империалистони хориҷа баъзе имтиёзҳо ба даст орад, мустаҳкам шуд. Меҳнаткашон дар рафти револютсия соҳиби таҷрибаи муборизаи сиёсӣ гардиданд, дар байни оммаи халқ ғояҳои дӯстӣ бо Союз Советских Социалистических Республик СССР паҳн гардид.
Адабиёт: Юрьев М. Ф . Революция 1025—27 годов в Китае, Москва, 1968; Глунин В. И., Коминтерн и становление коммунистического движения в Китае (1020—27), дар [китоби: Коминтерн и Восток. Москва, 1960.