Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПХЕНЯН

Шаҳри ПХЕНЯН

ПХЕНЯН, пойтахти Республикаи Халқии Демократии Корея, маркази маъмурии музофоти Пхёнан-Намдо. Шаҳри калонтарин, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамла­кат. Дар соҳили дарёи Тэдонган, дар баландии 300 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Иқлимаш мӯътадил, муссонӣ; ҳарорати миёнаи июл.24°С, январ— 8,2°С; боришоти солона 922 мм. Масоҳати шаҳр қариб 200 км2. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр қариб 1,9 млн нафар (1982). Пхенян ба воҳиди маъмурии махсуси тобеи марказ ҷудо карда шу­дааст.

pxenyan-city

Пхенян узели муҳими нақлиёт. Аэропорти Сунан (23 км берун аз шаҳр) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Дар соҳили баҳри Зард бандари Нампҳо воқеъ аст. Дар давраи ҳокимияти халқӣ Пхенян ба маркази гуногунсоҳа табдил ёфт. Хусусан саноати мошинсозӣ (заводҳои мошинҳои дақиқ, бофандагӣ ва нақлиёт, асбобҳои ченкунӣ), электротехникӣ (заводи электровозсозии ба номи Ким Ҷон Тхз ва ғайрп) ривоҷ ёфтааст. Инчунин саноати бофандагӣ (калонтарин дар мамлакат комбинати бофандагии Пхенян ва ғайра), хӯрокворӣ (аз ҷумла комбинати гӯшти Ренсон), химия мавҷуданд. Пхенян маркази ҳавзаи ангишт буда, дар заминаи он стансияи электрии олавӣ сохта шудааст. Пхенян якҷоя бо шаҳрчаҳои атрофаш ноҳияи калони саноатиро ташкил ме­диҳад ва заводи пӯлодгудозии Капсон, заводи металлҳои рангаи Нампҳо, заводи тракторсозии Кимсон, заводи электромеханикии Тэан, калонтарин дар мамлакат корхонаҳои сементу хиштро дар бар мегирид. Соли 1973 дар Пхенян хатти якуми метрополитен ба истифода дода шуд. Дар Пхенян АФ РХДК (1952), академияҳои илмҳои ҷамъиятӣ, илмҳои тиб, педагогӣ, хоҷагии қишлоқ, Академияи ҷангалпарварӣ, Университети ба номи Ким Ир Сен, институтҳои политехникӣ, тиббӣ, педагогӣ, саноати сабук нақлиёт, оберӣ, хоҷагии қишлоқ, инженерони сохтмони гражданӣ, тиҷорат, алоқа, забонҳои хориҷӣ, санъати тасвирӣ, театру кино ва ғайра; китобхонаҳо, музейҳо, театрҳо, кон­серватория, сирк мавҷуданд. Аз ёдгориҳои меъмории асрҳои гузашта манора (ҳоло павилон), дарвозаҳои қалъа, мақбараҳо ва ғайраҳо боқӣ мондаанд. Шаҳрро бисёр бтноҳот мӯҳташами замонавӣ— Университети давлатӣ (1957), Театри калон (1960), меҳмонхонаи «Пхенян», Музейи ре­волютсия (1972), Қасри спорт (1973), Қасри маданият (1974), ёдгориҳои «Озодкунӣ» (ба хотираи ҷанговарони Армияи Советӣ, 1947), Чхоллима (1961) ва чандин боғҳо зинат медиҳанд.

Пхенян яке аз шаҳрҳои бостонии Ко­рея мебошад. Солҳои 427—668 пой­тахти давлати Когурё буд. Дар асрҳои 10—14 Согён номида мешуд. Солҳои 1905—1945 дар тасарруфи японҳо буд. Онро августи 1945 Армияи Со­ветӣ аз интервентҳо озод намуд. 9 сентябри 1948 дар Пхенян ташкилёбии РХДК эълон карда шуд. Дар рафти ҷанги солҳои 1950—1953 шаҳр хеле хароб гардид. Солҳои баъди ҷанг Пхенян аз нав обод карда шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …