ПУТК, мошини зарбазан барои коркарди масолеҳи металлӣ, ки дар истеҳсолоти оҳангарию штампонӣ барои ҳаддодӣ ва штампонии ҳаҷмию варақакунӣ истифода мешавад. Путкҳои фишангдори дастӣ аз асрҳои 13—14 маълуманд. Соли 1784 Ҷ. Уатт барои ҳаракат кунондани қисмҳои мутақаррики Путк истифода бурдани буғро пешниҳод кард. Амми фақат соли 1842 Ҷ. Несмит аввалии Путки буғиро сохта, ба он патент гирифт. Аз ибтидои асри 20 истифодаи Путкҳои ҳаракатоварашон электрӣ вусъат ёфт. Аз рӯи хусусияти механизмҳои ҳаракатовар чунин намудҳои Пукт маъмуланд: буғу ҳавоӣ, Пневматикӣ, гидравликӣ, механикӣ, электромагнитӣ ва ғайра. Қисмҳои асосии Путкро поршен, шток, баба (гурз), шабот (сандон), сутунаҳои самтдеҳ барои ҳаракати қисмҳои мутаҳаррик, механизмҳои ҳаракатовару идоракунӣ ташкил медиҳанд. Ҳангоми поён шудани қисми мутаҳаррик (поршен) гурз ба ашёи рӯи сайҳои зарба зада, онро ба шакли матлуб медарорад. Параметрҳои асосие, ки хусусиятҳои конструктивӣ ва таъиноти технологии Путкҳоро муайян мекунанд, энергияи кинетикии қисмҳои мутаҳаррик ё худ массаи қисмҳои афтанда (гурз) ба ҳисоб мераванд. Ҳоло Пуктҳои баландсуръат бештар маъмуланд, ки дар онҳо энергияи кинетикии самаранок то 1000 кҶ, суръати афтиши гурз то 12—20 м/сон (дар Путкҳои муқаррарӣ 5—6 м/сон) мерасад.
Инчунин кобед
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …