Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПӮШИДАТУХМҲО

ПӮШИДАТУХМҲО

ПӮШИДАТУХМҲО (Angiospermae), растаниҳои гулдор (Magnoliophyta ё Anthophyta), растаниҳои гулдори дараҷаи олӣ. Хусусияти асосии Пӯшидатухмҳо дар он аст, ки ба ғайр аз гули ҳақиқӣ доштанашон тухммуғҷаи онҳо (баръакси лучтухмфо) дар ҷавфи ғӯраки аз як ё якчанд мевабарги пайваста бо ҳам ҳосилшуда, ҷойгир шудааст. Хусусияти хоси Пӯшидатухмҳо аз фарқи асосии гул аз страбилаҳои лучтухмҳо гардгирак доштани онҳост. Ба Пӯшидатухмҳо бордоршавии дучанда хос аст ва бо ин хусусияти худ аз тамоми гуруҳҳои дигари олами наботот фарқ мекунанд. Моҳияти ин хусусияти Пӯшидатухмҳо дар он аст, ки якеи нутфаҳо бо ҳуҷайратухм ё (сипгамия) ва дигаре бо 2 ядрои қутбӣ (тригамия) омехта мешавад. Дар натиҷаи сингамия зигота ва ҳангоми тригамия бошад, нахустядрои эндо­сперма ҳосил мешавад, ки барои ҷанини инкишофёбанда чун ғизо хизмат мекунад.

pushidatuxmho

Тухми Пӯшидатухмҳо дар мева ҷойгир шудааст (сабаби Пӯшидатухмҳо ном гирифтани растаниҳои гулдор низ ҳамин аст).

Таърихи ҳафриётии Пӯшидатухмҳо 125 млн сол муқаддам оғоз ёфтааст. Дар он давра Пӯшидатухмҳо дар рӯи Замин хеле кам буданд. Вале мобайнҳои давраи бӯр (табошир), яъне тақрибан 110 млн сол пеш аз ин олами набототи хушкӣ хеле тағйир ёфт ва Пӯшидатухмҳо дар саросари дунё паҳн шудаанд. Яке аз омилҳои асосии босуръат паҳн шудани Пӯшидатухмҳо қобилияти ба шароити ниҳоят гуногуни экологӣ мусоидат карда тавонистани онҳост. Дар таҳаввул ва паҳн шудани Пӯшидатухмҳо ҳайвонот — гардолудкунандаҳо (махсусан ҳашароти макканда) мавқеи калон доштанд.

Аломатҳои зиёди муштараки морфологӣ, анатомиву эмбриологии намудҳои хеле гуногуни гурӯҳҳо ва оилаҳои растаниҳо аз умумияти пайдоиши ҳамаи Пӯшидатухмҳо гувоҳӣ медиҳанд. Macалан, муштаракии бордоршавии дучанда, ки дар натиҷа эндо­спермаи триплоидии маҳз ба онҳо хос ҳосил мешавад, далели умумӣ будани пайдоиши Пӯшидатухмҳо аст. Муштара­кии саромади Пӯшидатухмҳоро далелҳои систематикӣ низ исбот мекунанд. Вале саромади Пӯшидатухмҳо алҳол аниқ нашудааст. Фақат аксар чунин мешуморанд, ки ягон гурӯҳҳои ҳозираи растаниҳои дараҷаи олӣ ба Пӯшидатухмҳо асос нашудаанд. Тахмин мекунанд, ки саромади Пӯшидатухмҳо эҳтимол бо сарахс (папо­ротник)-ҳои тухмдор алоқаи зич дошта бошанд ва мумкин аст яке аз шохаҳои ин гурӯҳи оддии лучтухмҳо бошанд. Ба фикри акад. А. Л. Тахтаджян дар пайдоиши Пӯшидатухмҳо ҳодисаи неотения аҳамияти калон доштааст. Неотения одатан бо омилҳои маҳдуди муҳит (норасоии на­мӣ, ҳарорати паст, кутоҳии мавсими нашв) алоқамапд аст. Тахмин меравад, ки Пӯшидатухмҳо дар шароити иқлими муссонии хушк, аниқтараш дар нишебиҳои кушод ташаккул ёфтаанд. Аз рӯи гуфти Ч. Дарвин Пӯшидатухмҳо дар ягон ноҳияи маҳдуд инкишоф ёфта, минбаъд дар натиҷаи тағйири географӣ босуръат паҳн шудаанд. А. Л. Тахтаджян дар асоси таҳлили паҳншавии географӣ ва муносибатт филогенетикии гурӯҳҳои оддии растаниҳои гулдори имрӯза тахмин мекунад, ки ин гуна ноҳияи маҳдуд дар ҷанубу— шарқи Осиё (қисми ҷанубу шарқи Хитой, Ҳиндухитой нимҷазираи Малакка, ҷазираҳои Филиппин ва дигар) ҷойгир шудааст. Пӯшидатухмҳо бештар аз 12 ҳазор ҷинс ва зиёда аз 235 хюҳазор намудро дар бар мёгиранд. Пӯшидатухмҳо аз 2 синф:           растаниҳои дупалла — Magnoliopsida ё Dicotyledones (360 оила ва қариб 170 ҳазор намуд) ва якпалла — Liliopsida ё Monocoty- ledones (қариб 70 оилаву 65 ҳазор намуд) иборатанд. Пӯшидатухмҳо асоси набототи рӯи Замин мебошанд ва дар ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд.

Ад.: Т а х т а д ж я н А. Л. Основы эволюционной морфологии покрытосе­менных, М.— Л., 1964;  ҳ а м о н м уа л л:. Система и филогения цветковых растений, расселение цветковых расте­ний, Л., 1970; К о м а р и и ц к и й Н. А., Кудряшов А. В., У р а н о в А. А., Систематика растений, М., 1975.

М. И. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …