Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПӮЛОДОН

Деҳаи ПӮЛОДОН

ПӮЛОДОН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пӯлодони райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Москва». Аз Пӯлодон то маркази район 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 6813 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, китобхона, клуб, хонаи пионерон, пункти тиббӣ, амбулатория, санатория ва боғчаи бачагон, муассисаҳои хизмати маишӣ, 12 магазин, 2 ошхона, 3 нонвойхона ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара ва Кана­ли Калони Фарғона обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …