ПУЛАКЧАПОЙҲО (Pygopodidae), як оилаи хазандаҳоеро гӯянд, ки ба қаторн калтакалосҳо мансубанд. Баданашон мормонанд (дарозиашон то 80 см) буда, пойҳои пешашон суст инкишоф ёфтаанд, пойҳои ақибашон бошанд, бо пулакча пӯшида шудаанд ва ба болҳои шиноварӣ монанданд. Думашон хеле дароз аст. 8 ҷинси Пулакчапойҳо, ки 30 намудро дар бар мегиранд, асосан дар Австралия, Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои гирду атрофи онҳо паҳн шудаанд. Онҳо шабона сайд мекунанд. Дар байни алафзори баланд зиндагӣ карда, ҳашарот ва дигар мавҷудоти бемӯҳраро мехӯранд.