Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУАНСОН

ПУАНСОН

puanson

ПУАНСОН (франсавӣ Poincon), 1) дар коркарди металл, қисми асосии афзори штампонӣ ва прессонист. Ҳангоми штампопидан ба таҳия (заготовка) бевосита фишор медиҳанд, дар вақти прессонидан бошад, фишори Пуасонро бо ёрии шай­ба ба маснуот медиҳанд. Пуасонро аз пӯлоди фавқулматин месозанд; 2) дар полиграфия, лавҳаи росткунҷашакли пӯлодин, ки дар он тасвири барҷастаи ҳарф, аломат ва ғайра акс ёфтааст, барои дар матритса ҳосил намудани тасвири амиқ истифода мешавад; 3) дар картография, аломатҳои шартии харитаҳои географӣ (доирача, квадратча ва ғайра); 4) дар дефектоскопия, ҷузъест, ки ба сатҳи маснуоти тадқиқӣ (асбоб, детали дастгоҳ ва ғайра) таъсир расонда, матонати онро муайян мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …