Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Николаевич

ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Николаевич

pryanishnikov

ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Нико­лаевич (6. 11. 1865, шаҳри Кахта, ҳозира PAСC Бурят—30. 4. 1948, Мо­сква), агрохимик, физиолог ва био­химики советӣ, акад. АФ СССР (11929; аъзо-корр. 1913), акад. ВАСХНИЛ (1935), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (4(946). Университети Москва (1887) ва Академияи зироат ва ҷангали Петровскийро хатм кард (1889; ҳозира Академияи хоҷагии қишлоқи Москва ба но­ми К. А. Тимиря­зев). Шогирди Ти­мирязев. Аз соли 1895 то охири умр мудири кафедраи аг­рохимиям Акаде­мияи хоҷагии қишлоқи Мос­ква буд. Прянишников дар Университети Москва (1891—1931), Курен олии занонаи хоҷагии қишлоқи Голитсин (солҳои 1909—1917 директор), Институти хоҷагии қишлоқи Москва (солҳои 1916—1917 ректор) лек­сия хондааст ва дар Институти оид ба нурӣ (1919—1948; баъдтар Институти илмии оид ба нурӣ ва инсектофунгитсидҳо), Институти умумииттифоқӣ оид ба нурӣ, агротехника ва хокшиносии агрономӣ (1931—1948; ҳоло Ин­ститути умумииттифоқии тадқиқоти илмии нурӣ ва хокшиносии агрономии ба номи Д. Н. Прянишников) ва ғайра, ки бо иштироки ӯ таъсис ёфт, кор кардааст. Асарҳои ӯ асосан ба масъалаҳои ғизогирии растанӣ ва истифодаи нурӣ оиданд. Соли 1916 назарияи ғизогирии азотии растаниро пешниҳод кард, ки ҳоло ҳамчун назарияи классикӣ нуфуз пайдо намудааст. Схемаи табдили моддаҳои нитрогендорро дар растанӣ нишон дод, аҳамияти аспарогинро ба­рои организми растанӣ муайян кард. Бунёди илмии фосфоритонии хокро мавриди барраси қарор дод. Дар онҳо тавсифи физиологии намакҳои калийдор, мувофиқии намудҳои гуногуни нуриҳои нитрогендор ва фосфордор дар ноҳияҳои асосии зироати СССР баён шудаанд. Дар масъалаҳои ба хоки турш андохтани оҳак, гачандозӣ ба шӯрзамин, истифодаи нуриҳои органикӣ тадқиқот бурдааст. Усулҳои омӯзиши ғизогирии растанӣ, таҳлили расте­нию хок ва ғайраро такмил дод. «Аг­рохимия»-и Прянишников шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Лауреати мукофоти давлатии СССР (1941), Лауреати Мукофоти ба номи В- И. Ленин (1926). Бо ду ордени Ленин, 3 ор­дени дигар мукофотонида шудааст.

Ас.:       Мои воспоминания, М.,   1957;

Избр. соч., т. 1—3, М., 1965; Популяр­ная агрохимия, М., 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …