Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ПРУССИЯ

ПРУССИЯ

prussiya

ПРУССИЯ, давлате, ки дар натиҷаи таҷовузи ҳарбии феодалони немис дар Европаи Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ба вуҷуд омада, такягоҳи реаксия ва милитаризми Германия буд; баъди дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ торумор карда шудани Германияи фашис­тӣ барҳам хӯрд. Асри 12 Прусия дар за­минаи курфюри (князи)-и Бранден­бург ва Ордени тевтон ташкил ёфтааст. Баъди ҷанги сездаҳсолаи байни Ордени тевтоп ва Полша (1454—1466) як қисми мулкҳои орден ба Полша баргардонида шуд. Соли 1618 давлати муттаҳидаи Бранден­бургу Пруссия ташкил ёфт, ки он тобеи курфюриҳои Бранденбург буд. Соли 1701 давлати Бранденбургу Пруссия ба шоҳии Пруссия табдил ёфт. Дар аҳди Фридрихи II (1740—1786) қариб 2/3 ҳиссаи бюҷети ҳарсолаи мамлакат ба эҳтрёҷоти ҳарбӣ сарф шуда, армияи Пруссия аз ҷиҳати шумора дар Европаи Ғарбӣ ҷои аввалро ишғол мекард. Тартиботи политсиявию бюрократии милитаристӣ ҷорӣ гардида, аҳолӣ барои ақидаҳои озодихоҳӣ бераҳмона ҷазо дода ме­шуд. Пруссия бо мақсади васеъ намудани ҳудуди худ борҳо бо мамлакатҳои ҳамсоя ҷангидааст. Дар рафти ҷан­ги зидди Австрия қисми зиёди Силезияро ба даст даровард. Пруссия дар ҷанги ҳафтсола (1756—1763) мехост, ки Саксония ва як қисми Курляндияро забт кунад, вале дар назди Грос-Бгерсдорф аз армияи Россия (1757) ва дар муҳорибаи Кунерсдорф (1759) сахт шикаст хӯрд. Соли 1760 лашкари Россия пойтахти Пруссия Берлинро ишғол кард. Танҳо ихтилофи байни рақибони асосии Прусия (Австрия, Россия, Франсия) ва баъди вафоти Елизавета Петровна (1761) ба сари тахти Россия омадани Пётри III (гертсоги Голштейнготтори) онро аз ҳалокат наҷот дод. Пётри III бо Фридрихи II сулҳ ва иттифоқ баст. Дар асри 18 Пруссия ҳамроҳи Россия ва Австрия Реч Посполитаро се маротиба тақсим намуда, Познан, Варшава, Гданск, Торун ва ноҳияҳои дигарро ба даст даровард. Дар давраи Револютсияи Кабири Франсия бо ҳамроҳии Авст­рия, Иттифоқи зиддифрансавии давлатҳои Европаро ташкил кард. Соли 1806 ба Иттифоқи 4-уми зидди- франсавӣ дохил гардид. Дар муҳорибаи назди Йен ва Ауэрштедт аз армияи Наполеон шикаст хӯрда, соли 1807 мувофиқи сулҳи Тилзит қариб 1/2 ҳудуди худро аз даст дод. Дар ҷангҳо торумор шудани Пруссия аз фарсудагии системаи давлатӣ ва крепостноию феодалӣ шаҳодат дод. Ин вазъият ҳукуматро водор намуд, ки якчанд ислоҳот гузаронад. Дар Россия торумор шудани армияи На­полеон барои авҷ гирифтани муборизаи зидди Наполеон сабаб шуд. Мувофиқи сулҳномаи Вена (1815) Пруссия ба 2/5 ҳудуди Саксония, мулкҳои соҳили Рейн ва Вестфалия соҳиб шуд.

Баҳори 1848 дар Пруссия револютсияи буржуазӣ-демократӣ cap шуд, ки мақсади он дар асоси демократӣ муттаҳид намудани мамлакат ва ба респуб­ликаи ягонаи демократӣ табдил додани Германия буд, вале ба ин доираҳои ҳукмрони Пруссия монеъ шуданд. Бинобарон К. Маркс ва Ф. Энгелс ҳамчун тарафдори барҳам дода шу­дани давлати Пруссия баромад карда, демократҳои немисро барои ҳимояи полякҳо ва якҷоя ба даст овардани озодӣ даъват намуданд. Револютсияи солҳои 1848—1849 дар Германия ба итмом нарасид, мутлақият ва реаксия барҳам нахӯрданд.

Пруссия солҳои 1870—1971 ба муқобили Франсия ҷанг cap карда, вилояти Элзас ва Лотарингияи Шарқиро забт намуда, 5 млрд франк товони ҷанг гирифт. 18 январи 1871 империяи Германия ташкил ёфт, ки дар он Пруссия мавқеи ҳукмронро ишғол мекард; шоҳи Пруссия императори Германия шуд. Ҷангҷӯёни Пруссияю Германия дар саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ро­ли калон бозиданд.

Дар рафти Револютсияи ноябри 1918 дар Германия сулолаи Гогентсоллернҳо сарнагун карда шуд, вале ҳукмронии «монополияҳо ва юнкерҳо боқӣ монд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) торуморшавии Германияи фашистӣ ба қувваҳои иртиҷой ва милитаризми он зарбаи сахт зад. Мувофиқи қарори Конференсияи Потсдам (1945) ба Иттифоқи Со­вети шаҳри Кёнигсберг (ҳозира шаҳри Калининград) бо районҳои атрофи он гузашт, ба Полша заминҳои тарафи шарқии дарёи Одер ва Нейсеи Ғар­бӣ баргардонида шуданд. Солҳои 1945—1946 дар территорияҳое, ки ба минтақаи ишғолии советӣ дохил мешуданд, дигаргуниҳои сотсиалию иқтисодӣ ба амал бароварда шуданд. Ислоҳоти аграрӣ ва милликунонии корхонаҳои саноатӣ юнкерон ва монополистонро аз ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии Германия дур кард. 25 феврали 1947 Совети назорат дар бораи барҳам дода шудани дав­лати Пруссия қонун қабул намуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …