Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРУДОНИЗМ

ПРУДОНИЗМ

ПРУДОНИЗМ; як навъи сотсиализми майдабуржуазиест, ки асоси онро ақидаҳои фалсафию сотсиоло­ги П. Ж. Прудон ташкил медиҳад; ислоҳотчигии иҷтимоии маёдабуржуазиест, ки ба асосҳои капитализм дахолат намекунад. Прудонизм моликияти калони капиталистиро ҳамчун Го­сплан «дуздӣ» маҳкум намуда, дар айни ҳол коммунизмро инкор ва моликияти майдаи ба истисмори меҳнати бегона вобаста набударо ҳимоя кардааст. Прудон сарчашмаҳои ҳақиқии истисмори синфиро дар ҷамъияти буржуазӣ надониста, мубодилаи нобаробарро сабаби он медонист ва даъво мекард, ки истисмори синфиро ба воситаи ислоҳоти соф иқтисодӣ дар доираи муомилот (мубодилоти молии бепул ва кредит» бефоида) нест кардан мумким аст. Мувофиқи ақидаи Пру­дон дар натиҷан чунин ислохот, гӯё ҳамаи меҳнаткашон (дар шароити моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеқсолот) ба истеҳсолкунандагони Мустақиле табдил меёбанд, ки дар асоси ҳамкории баробарона ба додугирифти мол мепардозанд. Ин утопияи майдабуржуазӣ- Прудонро ба хулосае овард, ки бо роҳи осоишта, дар асоси ҳамкории пролетариат ва қариб тамоми буржуазия, дар сурати аз муборизаи сиёсӣ даст кашидан ва нест кардани давлат (давлат ба ақидаи Прудон аслиҳаи асосии ҷу­дони ҷамъият, муфтхӯрӣ ва истибдод аст) «револютсияи иҷтимоӣ»-ро 6а амал овардан мумкин аст. Пру­дон дар солҳои Револютсияи 1848 ва махсусан солҳои Империяи дуюм таълимоти худро инкишоф дода, даъво мекард, ки зиддиятҳои ҷамъиятиро тавассути таъмини мувозинати қувваҳои иҷтимоии ҷамъият ҳал кар­дан мумкин аст. Дар зимни ин Прудон масъалаи дигаргунсозии ҷамъиятиро бо масъалаи такомули маънавии шахс пайваст мекард. Ӯ бар зидди давлати мутамарказ баромада, ташкил кардани вилоятҳои мустақили майдаро таклиф мекард. Прудон дар асри 19 дар Франсия ва дигар мамлакатҳои дорои буржуазияи сершумори майда интишор гардидааст. Сексияи франсавии Интернатсионали I аввал аз тарафи прудонистон идора мешуд. Вале муборизаи қатъии К. Маркс, Ф. Энгелс ва тарафдорони онҳо ба ғалабаи пурраи марк­сизм бар Прудон анҷом ёфта, сек­сияи франсавии Интернатсионал ба дасти ба ном прудонистони чап — тарафдорони муборизаи револютсио­нии синфӣ гузашт. Ақидаҳои Прудон аз тарафи анархизми ошӯбталаби М. А. Бакунин истифода шудааст. Аз сӯи дигар назари интиҳодии Пру­донро ба демократия, фаъолияти партияҳои сиёсӣ ва муборизаи синфӣ идеологҳои давраи империализм ва сонитар назариётчиёни фашизм инкишоф дода, васеъ истифода бур­данд.

proudhon

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …