ПРОМЕТЕЙ, дар асотири Юнони Қадим титан, ҳомии одамон. Мувофиқи ривояте Прометей оташро аз Олиме дуздида, ба одамон дод ва бо амри Зевс ба харсанг занҷирбанду ба азияти доимӣ маҳкум шуд: уқобе ҳар рӯз (ё рӯздармиён) ҷигари Прометейро нӯл мезад, вале он боз сиҳат мешуд. Мувофиқи манбаъҳои мухталифи атиқа ин азият то вақти уқобро бо тири камон кушта, Прометейро озод намудани Геракл давом кардааст. Образи Прометей дар адабиёт (Эсхил, Шелли ва дигарон), санъати тасвирӣ ва мусиқӣ (Бетховен, Скрябин ва дигарон) инъикос ёфтааст.