Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нашриёти «ПРОГРЕСС»

Нашриёти «ПРОГРЕСС»

«ПРОГРЕСС», нашриёти марказӣ дар системаи Комитети давлатии СССР оид ба корҳои нашриёт, по­лиграфия ва савдоӣ китоб; асарҳои гуманитариро ба забонҳои хориҷӣ ва асарҳои тарҷумавиро ба забони русӣ мебарорад. Дар Москва воқеъ аст. Соли 1931 бо номи нашриёти коргарони хориҷӣ дар СССР таъсис ёфта буд; соли 1939 номаш нашриёти адабиёт ба забонҳои хориҷӣ, солт 1963 номи «Прогресс»-ро гирифт. Ба зиёда аз 40 забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ, испанӣ, арабӣ ва ғайра)- асарҳои асосгузорони марксизм-ленинизм, адабиёти ҷамъиятию сиёсӣ, классикӣ ва асарзои беҳтарини нависандагони СССР, ада­биёти бачагона, асарҳои доир ба санъат ва ғайраро чоп мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …