ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТӢ, соҳаи илми математика, ки назария ва усулҳои дарёфти экстремумҳои функсияҳои хаттиро дар маҷмӯъҳо меомӯзад. Маҷмӯъҳои зикршуда асосан бо системаи нобаробарӣ ва баробариҳои хаттӣ дода мешаванд.
Масъалаҳои Программасозии хаттӣ моделҳот математикии бисёр масъалаҳои мазмуни техникию иқтисодӣ дошта мебошанд. Ба сифати мисол чунин масъалаи баплангирии кори муассисаро муоина мекунем. Барои истеҳсоли маҳсулоти якҷинса омилҳои мухталифи истеҳсолӣ — ашёи хом, қувваи кор, маҷмӯи дастгоҳҳо, сӯзишворӣ, нақлиёт ва ғайраро сарф ва истифода кардан зарур аст. Одатан, чандин усулҳои озмудаи технологии истеҳсолот мавҷуданд ва дар онҳо сарфи омилҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулот (дар воҳиди вақт) гуногун аст. Миқдори омилҳои сарфшудаи истеҳсолӣ ва миқдори маҳсулоти тайёр кардашуда ба он вобаста аст, ки корхона аз рӯи ягон усули технологӣ чанд муддат кор мекунад. Масъалаи аз рӯи тарзу усулҳои гуногуни технологӣ оқилона тақсим намудани вақти корӣ пеш гузошта мешавад, ки дар давоми он бо сарфи камтарини ашёву қувваи кор бештар маҳсулот истеҳсол карда шавад.
Ад.: Юдин Д, Б., Голштейн Б. Г., Линейное программирование, М., 1969.