Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТИ

ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТИ

ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТИ, сохаи илми математика, ки назария ва усулхои дарёфти экстремумхои функсияхои хаттиро дар мачмуъхо меомузад. Мачмуъхои зикршуда асосан бо системаи нобаробари ва баробарихои хатти дода мешаванд.

barnoma-programm

Масъалахои Программасозии хатти моделхот математикии бисёр масъалахои мазмуни техникию иктисоди дошта мебошанд. Ба сифати мисол чунин масъалаи баплангирии кори муассисаро муоина мекунем. Барои истехсоли махсулоти якчинса омилхои мухталифи истехсоли — ашёи хом, кувваи кор, мачмуи дастгоххо, сузишвори, наклиёт ва гайраро сарф ва истифода кардан зарур аст. Одатан, чандин усулхои озмудаи технологии истехсолот мавчуданд ва дар онхо сарфи омилхои истехсоли барои истехсоли махсулот (дар вохиди вакт) гуногун аст. Микдори омилхои сарфшудаи истехсоли ва микдори махсулоти тайёр кардашуда ба он вобаста аст, ки корхона аз руи ягон усули технологи чанд муддат кор мекунад. Масъалаи аз руи тарзу усулхои гуногуни технологи окилона таксим намудани вакти кори пеш гузошта мешавад, ки дар давоми он бо сарфи камтарини ашёву кувваи кор бештар махсулот истехсол кар­да шавад.

Ад.: Юдин Д, Б., Голштейн Б. Г., Линейное программирование, М., 1969.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …