ПРОГНОЗи беморӣ, пешгӯии духтур оид ба ҷараёну оқибати беморӣ. Прогноз ҳаёт (зинда мондани бемор), дараҷаи барқароршавии саломатӣ ва коршоямӣ боду ғубори беморӣ ва ғайраро дарбар гирифта, ба этиология ва патогенез, маълумоти статистикӣ ва таҳлили хусусиятҳои фардии ҷараёни бемории шахс такя менамояд. Оид ба Прогноз дар асарҳои Буқрот маълумоти зиёде ба чашм мерасад. Бо ташаккули усул ва воситаҳои нави муолиҷа Прогнози бемори сифатан тағйир меёбад.