Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ИЗОХОРӢ

ПРОСЕССИ ИЗОХОРӢ

ПРОСЕССИ ИЗОХОРӢ, просессест, ки дар системаи физикӣ ҳан­гоми доимӣ будани ҳаҷм ба амал меояд. Дар газ ва моеъҳо амалӣ гардондани Просесси изохорӣ осон мебошад; ба­рои ин онҳоро дар зарфи маҳками ҳаҷмаш тағйирнаёбанда ҷойгир кар­дан кофист. Ҳангоми Просесси изохорӣ  кори механикии бо тағйирсбин ҳаҷми ҷисм алоқаманд, иҷро намешавад; тағйири энергияи дохилии ҷисм фақат аз ҳисоби фурӯбурд ё ихроҷи гармӣ ба амал меояд. Бо тағйир додани ҳарорати газ (моеъ) фишо­ри он низ тағйир меёбад. Дар гази идеалӣ ҳангоми Просесси изохорӣ фишор ба ҳарорат мутаносиб аст (қонуни Шарл). Дар газҳои ғайриидеалӣ қонуни Шарл иҷро намегардад, зеро як қисм гармии ба газ додашуда ба­рои афзоиши энергияи таъсири мутақобили зарраҳо сарф мешавад. Амалӣ гардондани Просесси изохорӣ дар ҷисмҳои сахт аз ҷиҳати техникӣ мураккабтар аст. Азбаски ҷисми сахт хеле кам фишурда мешавад, ҳа­ма гуна просесси изотермӣ дар он то фишорҳои даддо килобар ( — 102Н/м2), амалан  Просесси изохорӣ мебошад.

isoprocess

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …