Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ДАВРӢ

ПРОСЕССИ ДАВРӢ

processi-davri

ПРОСЕССИ ДАВРӢ (сикл) дар термодинамика, просессест, ки дар ҷараёни он системаи физи­кӣ (масалан, буғ) ба як қатор тағиирот дучор шуда, боз ба ҳолати аввалааш бармегардад.

Просесси даврӣ дар тараққиёти физика, хи­мия ва техника роли муҳим бозид. Ҳисобу китоби як қатор просессҳои даврии мувозинат таърихан аввалин методи тадқиқоти термодина­микӣ буд. Ин метод имкон дод, ки дар асоси тадқиқи сикли кории мошини идеалии ҳароратӣ (сикли Карно) ифодаи математикии қонуни дуюми термодинамика ва шка­лаи ҳароратии термодинамикӣ тартиб дода шавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …