ПРОСЕССИ БАРГАРДАНДА дар термодинамика, просесси аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани системаи термодинамикиро гӯянд, ки зимни он система силсилаи ҳолатҳои мобайниро бо тартиби акс аз cap гузаронда, ба ҳолати аввала баргашта метавонад. Барои ин просесс бояд ба дараҷае суст гузарад, ки онро ҳамчун қатори муттасили ҳолатҳои мувозин муоина кардан мумкин гардад, яъне ин просесс нисбат ба просессҳои барқароршавии мувозинати термодинамикӣ дар системаи мазкур бояд сусттар ҷорӣ шавад. Аслан барои Просесси баргарданда ниҳоят суст тағйир ёфтани параметрҳои термодинамикие хос аст, ки мувозинати системаро муайян мекунанд (зичӣ, фишор, ҳарорат ва ғайра). Ин просессҳоро квазистатистӣ ё квазимувозинатӣ ҳам меноманд.
Просесси баргарданда яке аз мафҳуми асосии термодинамикаи макроскопии мувозинӣ мебошад. Маҳз зимни термодинамикаи макроскопии мувозинӣ қонунҳои якум ва дуюми термодинамика барои Просесси баргарданда ифода меёбанд.
Просессҳои табиӣ бо ягон суръати муайян ва ҳамроҳа бо пароканиши энергия (ба сабаби соиш, гармигузарони ва ғайра) ҷорӣ мешаванд, бинобар он онҳо просессҳои барнагардандаанд. Просесси баргарданда як навъ тасвири идеалии чунин просессҳои сусти табиат мебошад, ки ҳангоми тавсифашон ҳодисаҳои барнагардандаро ба эътибор нагирифтан мумкин аст. Назарияи микроскопии Просесси баргардандаро дар физикаи статистӣ меомӯзанд.
Ад.: Ландау Л. Д., Л и ф ш и ц Е. М., Статистическая физика, ч. 1, М., 1976.