ПРОСЕССИ АДИАБАТӢ, просессе, ки дар системаи физикӣ бидуни мубодилаи гармӣ бо муҳит воқеъ мешавад. Просесси адиабетиро метавон дар системаи аз гармӣ изолятсияшуда ба амал овард. Мисоли ин такти кории мошини ҳароратӣ мебошад, ки дар вақти он дар силиндри гарминогузарони поршендор ҳангоми набудани табдилоти кори соиш ба гармӣ, газ (бур) васеъ мешавад. Просесси адиабетиро ҳангоми набудани пардаи адиабатӣ низ ба амал овардан мумкин аст; барои ин просесс бояд чунон тез сурат гирад, ки барои байни система ва муҳити атроф ба вуҷуд омадани мубодилаи гармӣ фурсат нарасад (масалан, ҳангоми аз мавҷи зарбатӣ фишурда шудани газ гармин ҳосилшуда барои берун рафтан фурсат наёфта, пурра барои тафсондани худи он сарф мешавад). Просесси адиабетӣ баргарданда (ниг. Просессҳои баргарданда) ва барнагарданда мешавад. Дар Просесси адиабетии баргарданда энтропияи система доимӣ мемонад. Бинобар он Просесси адиабетии баргардандаро просесси изоэнтропӣ низ меноманд. Дар Просесси адиабетии барнагарданда энтропияи система меафзояд.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …