Маълумоти охирин

ПОВЕСТ

ПОВЕСТ (русӣ — қисса, ривоят), яке аз жанрҳои эпикист. Истилоҳи Повест дар илми адабиётшиносӣ ду хел шарҳ дода мешавад. Гурӯҳе аз рӯи ҳаҷм ва вусъати фарогирии ҳаёт Повестро аз роман хурд ва аз ҳикоя калон медонанд. Повест барои он мухтасар аст, ки аз силсилаи муайяни воқеаҳо фароҳам меояд, вале роман манзараи васею яклухт ва мураккабу мукаммалт ҳаётро дарбар мегирад. Гурӯҳи дигар бар онанд, ки Повест аз ҳикоя ва роман на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм, балки ҳамчун шакли эпикӣ бо хусусиятҳои асосии жанриаш фарқ мекунад. Фикри дуюм барои дурусттар фарқ кардани табиати жанри Повест, ҳикоя ва роман бештар мувофиқ меояд.

Повест дар адабиёти тоҷик пас аз Револютсияи Октябр пайдо шуд. Аввалин Повест дар адабиёти советии тоҷик «Одина»-и Айни аст. Дар адабиёти муосири тоҷик он роҳи ташаккули муайянеро аз сар гузаронид ва ҳоло сифатҳои нав гирифта истодааст. Солҳои 60—70-ро давраи рушду камоли Повест дар адабиёти ҳозираи тоҷик шуморидан мумкин аст. Повест, хусусан Повести хурдро дар адабиёт баъзан қисса ҳам мегӯянд.

Ад.: Б е л и н с к и й В. Г., Разделение поэзии на роды и виды. Полн. собр. соч., т. 5. М.. 1954; Қ о д и а о д а Р.,

Ш у к у р о в М., Абдуҷабборов Т.. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Д., 1966; Словарь литературоведческих терминов, М., 1974.

Ю. Бобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …