Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Посёлкаи Олтиптопган

Посёлкаи Олтиптопган

Олтиптопган, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 14 апрели 1951), тобеи Совети шаҳрии Қайроққуми вилояти Ленинобод. Аз посёлка то шаҳри Қайроққум 122 километр, то стансияи роҳи оҳан наздиктарин — Ленинобод 101 километр. Аҳолиаш 6350 вафот (1981), русҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ғайра. Посёлка 2 мактаби миёна, мактаби шабонаи коргарҷавонон, мактаби мусиқӣ, 3 боғчаи бачаҳо,

3 клуб, дорухона, шуъбаи алоқа, 9 магазин ва комбинати хизмати маишӣ дорад. Аксарияти аҳолии посёлкаро коргарони саноати маъдани кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Дар наздикии по­сёлка кони Олтиптопган мавҷуд аст. Маъдани полиметалии конро баъди тоза кардан дар шакли консентрат барои коркарди дубора ба корхонаҳои саноатии Олмалиқ мефиристанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …