Маълумоти охирин

ПОСБОН

posbon

ПОСБОН, қаровули мусаллаҳ, ки  супориши ҷангии оид ба муҳофизат  ва мудофиаи ҷои таъиншударо иҷро мекунад. Мувофиқи Устави гар­низон ва хизмати қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, Посбон шахси  дахлнопазир ва тааррузнопазир ба шумор меравад. Вай танҳо ба сардори қаровул ва ёрдамчии ӯ итоат  мекунад. Дар мавридҳои дар Устав  нишоп додашуда Посбон ҳуқуқи ба даст  гирифтани аслиҳа дорад ва дар сурати рӯй додани ҳодисае аз он истифода бурда метавонад. Посбон вазифадор аст, ки ҷои худро ҳушёрона муҳофизат ва устуворона мудофиа намуда, ҳангоми ҳуҷуми ошкор ба ӯ ё объекти муҳофизатӣ бе огоҳӣ аслиҳаро истифода барад. Ба Посбон бо назорат мондани пост, хуфтан, нишастан, гап задан, хӯрок хурдан, нӯшидан, тамоку кашидан ва шуғли ди­гар, ки ба иҷрои вазифаи ӯ халал мерасонад, қатъан манъ аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …