Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПОРТУГАЛИҲО

ПОРТУГАЛИҲО

ПОРТУГАЛИҲО, миллат, аҳолии асосии Португалия, ки дар ҷазираҳои Мадейра ва Азор зиндагӣ мекунанд (бештар аз 99% аҳолии мамлакат).

portugalho

Шумораашон 11920 ҳазор наф (1978), аз ҷумла дар Португалия 9 млн; боқимондаашон дар Америка (беш­тар дар ШМА ва Бразилия), Афри­ка (Ангола, Мозамбик, Гвинея-Бисау, Сан-Томе, Принсини), баъзе ноҳияҳои Осиё [Аомын (Макао), Тимор] ва як қатор давлатҳои Ев­ропа зиндагӣ мекунанд. Бо забони португалӣ гап мезананд. Аксарияти диндорон католиканд. Дар ташаккули Португалиҳо қабилаҳои лузитан иштирок намудаанд. Дар асри 2 то мелод—асри 4 мелодӣ қисми зиёди онҳо романӣ кунонида шуданд. Ба Португалия свевҳо ва вестготҳо (асрҳои 5—8), дар қисми ҷанубии Порту­галия бошад, арабҳо (асри 8— нимаи якуми асри 12) таъсири калони этникӣ расониданд. Дар миёнаи асри 12 дар территорияи Португалия давлати мустақид таъсис ёфт, ки он ба оғози ташаккули халқияти Португалия мусоидат намуд. Ҳукмронии Испания (1591—1640) тобеияти -иқтисодию сиёсии Португа­лия ба Британияи Кабири асрҳои 18—19 садди рохи инкишофи капиталистӣ ва ташаккули миллати Португалия гардид. Дар давраи кашфиётҳои бузурги географӣ Португалия дар Америкаи Ҷанубӣ, Африка, Осиё паҳн шуданд. Дар Америкаи Ҷанубӣ Португалия дар ташакку­ли миллати бразилиҳо роли калон бозиданд. Ниг. низ Португалия.

Ад: Народы эарубежной Европы, ч. 2,

М., 1965.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …