Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-СУДОН

Шаҳри ПОРТ-СУДОН

ПОРТ-СУДОН, шаҳрест дар Судон, дар музофоти Кассала. Аҳолиаш 133 ҳазор нафар (1973). Бандари асосии мамлакат дар баҳри Сурх. Стансияи роҳи оҳан 3аводи коркарди нефт, фабрикаи матоъҳои пахтагин, корхонаҳои таъмири киштӣ дорад. Ба воситаи бандари Порт-Судон ба хориҷа пахта, самги (шилми) арабӣ, чигит (пунбадона), ҷавзи ҳиндӣ ва маҳсулоти чорво бароварда мешавад. Дар наздикии Порт-Судон аз оби баҳр намак мегиранд. Шаҳр соли 1908 бунёд ёфтааст.

port-sudon-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …