Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОНТЕКОРВО Бруно Максимович

ПОНТЕКОРВО Бруно Максимович

pontekorvo-b-m

ПОНТЕКОРВО Бруно Максимович (таваллудаш 22. 8. 1913, Пиза, Италия), фи­зики советӣ, акад. АФ СССР (1964; аъзо-корр. 1958). Аъзои КПСС аз соли 1955. Пас аз хатми Университети Рим дар ҳуди ҳамон ҷо дар гурӯҳи тадқиқоти Э. Ферми, баъдтар дар Институти ра­дий кор кард. Солҳои 1940—1950 дар ШМА, Канада, Британняи Кабир кор кардааст. Аз соли 1950 ин ҷониб дар СССР истиқомат мекунад. Аввал дар Институти проблемаҳои ядрои АФ СССР кор кард, ҳоло дар Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроӣ (аз соли 1956 боз) ходими илмист. Корҳои илмии ӯ асосан ба физикаи нейтрон ва нейтрино, изо­мерияи ядрои, физикаи таъсири мутақобили суст ва астрофизика оиданд. Понтекорво дар кофтукови конҳои нефт исти­фода бурдани усули каротажи нейтронӣ ва дар тадқиқи Офтоб истифо­да бурдани усули детектиронии нейтриноро пешниҳод кардааст. Ба­рои тадқиқи хосиятҳои асосии нейт­рино истифода бурдани дастаи нейтриноҳои дар суръатфизо ҳосилшударо ба миён гузоштааст. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1963), Мукофоти давлатии СССР (1954). Бо ду ордени Ленин, 3 орденҳои дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.. Александров А. П, Бруно Понтекорво (К 60-летию со дня рожде­ния). «Успехи физических наук», 1973, т, 131. в. 1.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …