Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОНСАДБОШӢ

ПОНСАДБОШӢ

ПОНСАДБОШӢ  (аз форсӣ- тоҷикӣ панҷсад ва ӯзбекӣ бош — cap, сардор), сардори панҷсад нафар; дар холиҳоӣ Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухоро, дараҷаи амал, рутба ва мансаби ҳарбист. Понсадбошӣ ба отряди панҷсаднафараи сарбозон фармондеҳӣ мекард. Баъзан ба ҷои Понсадбошӣ истилоҳи «дастабошӣ» (сардори даста)-ро истифода мебурданд. Дар ҳар даста даҳ мансабдори ҳарбӣ, даҳбошӣ (унтер-офитсер) ва 70 нафар сарбоз хизмат мекард. Дар хонии Хӯқанд Понсадбошӣ дар байни мансабу унвонҳо ба ҷои шонздаҳум, дар байни рутбаҳои ҳарбӣ баъди мипгбошй меистод. Понсадбоширо одатан хон ва ё бек таъин мекард. Понсадбошӣ аз як қатор  ӯҳдадориҳо қисман ё тамоман озод кар­да шуда, ба ӯ ҳар сол ду маротиба ба миқдори муайян пул, ғалла ва либос медоданд. Улвони Понсадбошӣ баъди ғалабаи Револютсияи Октябр ва Револютсияи Халқии Бухоро тамоман аз байн рафт.

ponsadboshi

Ад.:       Семёнов А. А., Бухарский трактат о чинах и знаниях и об обя­занностях носителей их в средневеко­вой Бухаре, Советское востоковедеие». т. 5, М.—Л., 1948; Троицкая А. Л., Военное дело и Бухаре в первой половине XIX века, «Тр. АН Таджик­ской ССР», т. 17, 1953.

Ю. Бозоров..

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …