Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИВИНИЛХЛОРИД

ПОЛИВИНИЛХЛОРИД

polyvinylchloride

ПОЛИВИНИЛХЛОРИД, [— сн2— СНС1—]n, як навъ полимери синтезӣ, ҳосилаи полимеризатсияи винилхлорид. Моддаи сахти сафедранг, массаи молекулавиаш аз 6000 то 1600(Х), зичиаш 1350—1430 кг/м3 ; безаҳр. Поливинилхлорид моддаи хеле мустаҳкам буда, хосияти хуби механикӣ ва электроизолятсионӣ (диэлектрикӣ) дорад; ба рӯшноӣ ва гармӣ чандон тобовар нест. Дар кетонҳо, эфирҳои мураккаб, карбогидридҳо кам ҳал мешавад; ба таъсири намӣ, кислотаҳо, ишқорҳо, маҳлули гамакҳо, газҳои саноатӣ, бензин, карасин ва ғайра устувор аст; намесӯзад ва оксид намешавад. Дар ҳарорати аа 100°С зтёд таҷзия шуда, НСl ҷудо мекунад. Аз Поливинилхлорид дар масса ё суспензия ҳосилгашта пластмассаҳои сахт (винипласт) ва мулоим (пластикат) месозанд. Поливинилхлориди эмулсионӣ бошад, дар истеҳсоли чарми маснӯъ ва пенопластҳо истифода мешавад. Аз Поливинилхлорид барои электротехника, саноатҳои сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, киштисозӣ, барои хоҷагии қишлоқ, тиб, сохтмон зиёда аз 3000 маҳсулот ва маснуот ҳосил менамоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …