Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИЭЛЕКТРОЛИТҲО

ПОЛИЭЛЕКТРОЛИТҲО

ПОЛИЭЛЕКТРОЛИТҲО,  электролитҳои полимерӣ, полимерҳое, кн дар маҳлулҳо ба ионҳо ҷудо (диссотсиатсия) шуда метавонанд. Полиэлектролитҳо ба кислотаҳои полимерӣ (масалан, кислотаҳои полиакрилат), асосҳои полимерӣ (поливинилпиридиний) ва полиамфол и т ҳ о (сополимерҳое, ки дар таркибашон ҳам гурӯҳҳои асосӣ ва ҳам гуруҳҳои кислотагӣ доранд) тақсим мешаванд. Муҳимтарин биополимерҳо — сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат аз ҷумлаи Полиэлектролитҳо мебошанд. Хусусияти молекулаҳои Полиэлектролитҳоро дар маҳлул таъсири электростатикии гурӯҳҳои зарядноки силсилаи полимерӣ бо якдигар ва бо ионҳои хурдмолекулаи маҳлул муайян мекунад. Дар натиҷаи аксуттаъсири гурӯҳҳои зарядашон якхела конформатсия ва андозая макромолекулаҳо дар маҳлул, хусусияти физикию химиявии маҳлулҳо хеле тағйир меёбад (масалан, ғализии маҳлул мумкин аст ҳазорҳо бор зиёд шавад). Бинобар мураккаб будани просесси диссотсиатсияи Полиэлектролитҳо хосиятҳои химиявии Полиэлектролитҳоро зимни назарияи маҳлулҳои муқаррарӣ маънидод кардан амри маҳол аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …