Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИАКРИЛАТҲО

ПОЛИАКРИЛАТҲО

ПОЛИАКРИЛАТҲО, полимерҳои эфирҳои мураккаби кислотаи акрилат ё метакрилат.

poliakrilati

Моддаҳои В-ашоп радикали метил, этил, бутил ва сиклогексил аҳамияти калони техникӣ пайдо кардаанд. Чунин Полиакрилатҳо полимерҳои шаффофи термопластикии безаҳр мебошанд; дар ҳалкунандаҳои органикӣ хуб ҳал ва аз таъсири равғанҳо тез вайрон мешаванд. Полиакрилатҳоро аз полимеризатсияи эфирҳои кислотаҳои акрилат ва метакрилат ҳосил менамоянд. Полиакрилатҳоро асосан дар истеҳсоли шишаҳои органикӣ, локу рангубор, ширеш ва дар коркарди чӯб, коғаз, пӯст, матоъ ва ғайра истифода мебаранд. Полиакрилатҳо инчунин дар стоматология, истеҳсоли линзаҳо ва консерватсияи маснуоти гуногун ба кор мераванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …