Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПОҶЁ

Деҳаи ПОҶЁ

ПОҶЁ, деҳаест дар Совети қишлоқ Б. Раҳимзода, pайони Ғарми PСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «40-солагии Тоҷикистон». Аз Поҷё то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 22 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 550 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …