ПОФИШОР, попушал, асбобест дар бофандагӣ. Пофишор ду тахтачаест дар даруни чаҳчаи дӯкони бофандагӣ, ки бофанда ҳар кадоми онҳоро бо навбат бо пояш фишор медиҳад (зер мекунад) ва дар натиҷа торҳо зеру боло аз ҳам чудо шуда, барои гузаронидани моку ва пуд роҳ кушода мешавад.
Ад.: Айнӣ С., Кул., Ч. 12, Д., 1976.