Маълумоти охирин
Главная / Техника / ПОЕЗДИ РОҲИ ОҲАН

ПОЕЗДИ РОҲИ ОҲАН

poezd

ПОЕЗДИ РОҲИ ОҲАН, қатори вагонҳои роҳи оҳан ва як ё якчанд локомотиве, ки ба ҳам қӯшкарда шудаанду якҷоя ҳаракат мекунанд. Дар СССР корҳои тартиб додану ҳаракат кардани поезд, қабул ва раҳсипор кардани он, хизматрасонӣ ва ғайра аз рӯи «Қоидаҳои истифодаи техникии роҳҳои оҳан» ба амал оварда мешавад. Поезди роҳи оҳанро аз рӯи дараҷаи муҳимиашон ба поездҳои ғайринавбатй (таъмиру барқароркунӣ, зиддисӯхтор, барфтозакунӣ ва ғайра), навбатӣ (пассажирӣ), почтаю бағоч, пассажирию боросаш ва ғайра ҷудо мекунанд. Поезди роҳи оҳанро бригадаи локомотивӣ (на кам аа 2 нафар) идора мекунад. Ба поездҳои пассажирӣ ғайр аз ин, кондукторҳо ва дар мавриди зарурӣ коркунони дигар низ хизмат мерасонанд. Поездҳо асосан дар ст. калони роҳи оҳан мувофиқи графики ҳаракат ва плани муайян тартиб дода мешаванд. Вазни поезд ва дарозии онро вобаста ба қувваи кашиши локомотид ва андозаҳои ҷои қабулу раҳсипор қардани поездҳо муқаррар мекунанд. Дар СССР массаи поездҳои пассажирӣ то 1000— 1200 т., поездҳои боркаш то 6000— 10000 т, суръати калонтарини имконпазир барои поездҳои пассажирӣ то 160 км/с (дар баъзе қитъаҳор роҳ то 200 км/с ва зиёда аз он), барои поездҳои боркаши тезгард то 100—120 км/с, барои поездҳои боркаши муқаррарӣ то 80—100 км/с мерасад. Ҳар як поезд рақами худро дорад: поездҳои як самт рақами ҷуфт, поездҳои самти муқобил рақами тоқ доранд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …