ПЛУТАРХ (Plutarchos) (тақрибан 45, Херонея, Беотия — тақрибан 127), нависанда, муаррих ва файласуфи Юнони Қадим. Дар Афина маълумоти энсиклопедӣ гирифтааст. Саросари Юнонро тай ва ба Риму Искандария сафар кард. Бештари ҳаёташро дар зодгоҳи ноободаш гузаронида, ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатпарварӣ машғул шудааст. Тарафдори ғояҳои кӯҳнаи ватанпарварии маҳаллии полиоӣ ва ҳамчун файласуф ҳаммаслаки анъанаҳои афлотуния буд. Дар асарҳоп Плутарх латифаҳо, мисолҳои таърихӣ, иқтибосҳо аз муаллифони гуногун хеле бисёранд. Плутарх баробари рисолаю мусоҳибаҳо чанд асари тарҷимаиҳолӣ низ офаридааст. Асарҳои Плутарх бо номҳои шартӣ ба ду фасл ҷудо шудаанд: «Панднома» ва «Шарҳи ҳоли мутавозӣ». Дар «Панднома» таваҷҷӯҳи муаллиф нисбат ба масъалаҳои ахлоқ зоҳир мегардад. Дар «Шарҳи ҳоли мутавозӣ» ҳаёт ва фаъолияти шахсони таърихӣ инъикос ёфтааст. Дар ин асар Плутарх ба ҳар як юнонии машҳур римии машҳурро муқобил мегузорад ва гуфтор бо муқоисаи қаҳрамонҳо ва фаъолияти онҳо анҷом меёбад (масалан, ба Искандари Мақдунӣ Юлий Сезар, ба Демосфен Сисеропро муқобил гузоштааст). Рӯйхати қаҳрамонони ин силсила моҳиятан чун маълумотномаи қадимии қаҳрамонон намунавист. Ғояҳои инсонпарпарӣ ва граждании Плутарх дар даврат Эҳё ва маорифпарварӣ хеле машҳур буданд. Плутарх бо ғояҳои худ дар байни мутафаккирони пешқадами асрҳои 18—19 аз арбобони Револютсияи Кабири Франсия то револютсионерони дворяни рус — декабрпистҳо шӯҳрати тамом дошт.