Маълумоти охирин

ПЛУГ

ПЛУГ, олати хоҷагии қишлоқ барои шудгори замин. Плуг умумӣ (саҳроӣ) ва махсус (боғӣ, ҷангалӣ, ботлоқӣ, токзорӣ ва ғайра) мешавад. Плугро вобаста ба намуди қисмҳои кориаш ба позавӣ ва дискӣ ҷудо мекунанд. Плуги позавӣ яккорпуса ё серкорпуса мешавад. Корпус аз поза, хокгардон, тахтаи заминлес ва поя иборат аст. Дар пеши ҳар як корпус пешплуг мегузоранд, дар ақиб — корди дискӣ. Баъзеи Плугҳо бо заминчуқуркунак низ таҷҳизонида шудаанд. Дар Плуги дискӣ ба ҷои корпуси позадор диски мудаввар мегуҳоранд. Вобаста ба чуқурии шудгор Плугро ба мошини ковоккунак (чуқурии шудгор то 18 см), Плуги плантажӣ (то 80 см ва зиёда) ва ғайра ҷудо мекунанд. Пеш аз ихтирои Плуг барои шудгор омочро ба кор мебурданд.

plug

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …